Дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 33 ба фаъолият шурӯъ намуд.
Муассисаи мазкур 120 нафар кӯдаконро фаро гирифта, аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди ОПЕК ва Бонки рушди исломӣ маблағгузорӣ шудааст. Барои татбиқи лоиҳа 4 миллиарду 856 миллион сӯм маблағ сарф гардидааст.
Ҳангоми ифтитоҳи кӯдакистон фаъолони маҳалла, падару модарон иштирок намуданд. Зимни суханронӣ намояндагони соҳа оиди татбиқи ислоҳоти соҳаи таълими томактабӣ, сафарбарии кӯдакон ба муассисаҳои таълимии томактабӣ, имконот ва шароити ба кормандони соҳа муҳайёгардида изҳори миннатдорӣ намуданд. Ҳозирин бо имконот ва шароити ба кӯдакон муҳайёгардида аз наздик шинос шуданд.
То охири соли равон дар вилоят боз наздики 50 муассисаи таълими томактабӣ бунёд гардида, 2 ҳазору 150 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия сафарбар мекунанд. Дар натиҷа, 98,5 фоизи кӯдакони 3-6 сола ба муассисаҳои таълими томактабӣ сафарбар карда мешаванд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.