ҒАМ

Имрӯз аз хонаи пиронсолони Чикаго мактуб гирифтам.

Хабар доданд, ки модарам вафот кардааст. Дастам аз кор монд. Дунё ба чашмонам ҳамчун шабҳои зимистон торик шуд. Боварам намеомад, ки дигар модарамро ҳеч гоҳ намебинам. Вақте ки ӯ зинда буд, ба ман чунин менамуд, ки ӯ ҳеч гоҳ намемирад. Ҳоло худро гум карда будам. Мисли ин аст, ки касе як пораи диламро канда бошад. Бояд ба рафтан омода мешудам. Вале ҳавсалаам пир шуда буд. Намедонистам, ки худро чӣ хел то ба хонаи ӯ расонам.

«Модар, модарҷон, агар муъҷиза рӯй медоду пару бол мебаровардам, ба сӯят парвоз мекардам. Ҳеч гоҳ боиси малоли хотират намешудам. Чаро боре хабаргирӣ нарафтам.                                                                                                                                                   

Кор, хона, зану бачаҳоро аз ту афзал донистам». Ба хона даромадам. Гарчи занам ғамгин буданамро пай бурда бошад ҳам, беист бо дугонааш тавассути телефон қаҳ-қаҳзанон суҳбат мекард. Худамро ҷойи монданӣ наёфтам. Хаёлам аз сарам парида буд. Беҳол ба курсӣ нишастам. Тобу тоқати фаҳмидани сухане надоштам. Аз ҷоям бо шаст хестаму аз дасти занам гӯшаки телефонро бо ғазаб кашида гирифта, ба ҷояш овехтам.

– Ҳа, чӣ шуд, чӣ ҷин зад? – пурсид зан.

– Аз ин ҳам бадтар, модарам... модарам мурд...

– Дуруст мегӯӣ? – мурдаст мурдаст-дия, барои ҳамин ҳам ҳамин қадар...

Баъди ин гапи занам вуҷудамро ларза фаро гирифт.

– Ту... ту чӣ мегӯӣ?

Ман худамро ба даст нагирифта, суханамро тамом накарда будам, ки садои занги телефон баланд шуд. Занам гӯё, ки ҳодисае рух надода бошад, бепарво гӯшаки телефонро бардошт.

– Алло... Чӣ... Кӣ... Модарам... Кай... Расида меравем...

Вақте ки ӯ гӯшаки телефонро ба ҷояш мегузошт, аз чашмонаш ашк метаровид.

Модари ӯ ҳам...

Чарлз ЭНРАЙТ, адиби шотланд

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Раҳимшоҳи Шарифзода.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: