«Розиқбобо Р.» ба аҳди худ вафо кард

«Розиқбобо Р.» яке аз хоҷагиҳои фермерии деринитарини ҳудуди Вардонзеи ноҳияи Шофиркон ба шумор меравад.

Ба ин хоҷагӣ деҳқони пуртаҷрибаи ҳудуд Ашраф Раҷабов соли 1998 асос гузошта буд. Аҷибаш дар он, ки ин хоҷагии пахтаю ғаллапарварӣ ҳар сол нақшаҳоро барзиёд иҷро карда, ба дигарон намунаи ибрат аст. Соле нест, ки вай ба аҳди худ вафо накарда бошад. Замоне хоҷагӣ фаъолияти худро бо 13,5 гектар майдон оғоз карда буд, даврҳое шуданд, ки миқдори қитъаҳо сари чанд вақт тағйир меёфт: 34, 50, 82, 54 гектар...

Бо вуҷуди, ин сидқидилона меҳнат карда, нақшаҳои пешбинишударо бе камукост иҷро мекарданд. Сахтгирию чашмикордонӣ, масъулиятшиносии роҳбари хоҷагӣ Ашраф Раҷабовро нафақат аҳолии ҳудуд, балки мутасаддиёни соҳа дар ноҳия ва вилоят хуб медонистанд ва таҷрибаи ӯро меомӯхтанд. Вай нафақат деҳқони асил, балки яке аз фаъолони салоҳиятноки маҳалла ба шумор мерафт. Баҳри камхарҷ, замонавӣ гузаштани тӯю маъракаҳо дар деҳаи Янгиобод мадад мерасонд.

Ашраф якҷоя бо ҳамсараш Ҷамила се духтару як писарро ба воя расонда, соҳиби хонаву дар намуд. Рӯзе вай дар муҳити оила ба фарзандон муроҷиат кард: «Хоҳед хонед, соҳиби касбу кор шавед. Ҳоло замоне пеш омадааст, ки ба як ҷавон чил ҳунар кам. Инсони меҳнатдӯст, илмнок ва соҳиби касбу ҳунар ҳаргиз хору зор ва муҳтоҷ, дастнигари дигарон намешавад. Писарам, Шерзод,  медонам, ки ту таҳсилро дар мактаби олӣ давом додан мехоҳӣ, ману модарат ҳам ҷонибдори ту, вале фаромӯш накун, ки мо деҳқонзодаем. Пайравӣ ба он, омӯхтани деҳқонӣ ба ту зарар надорад...»

Ин гуфтаҳо бенатиҷа намонд. Фарзандон акнун баъди дарсҳо ба саҳро ба кумаки падару модар мебаромаданд. Шерзод бошад, пайваста мададгори падар буд: ӯ ҳам кӯмак мерасонд, ҳам асрори деҳқонӣ меомӯхт. Вай тадриҷан ба боду ҳавои саҳро дил баст, ҳар гоҳ, ки вақти холӣ меёфт, сӯйи пахтазору ғаллазор мерафт. Таҳсили мактаби миёна соли 2001 поён ёфт ва худи ҳамон сол таҳсил дар факултети электронидани хоҷагии қишлоқи Институти об ва мелиоратсияи Тошканд насибаш гашт. Ба Ш.Раҷабов лозим омад, ки баъди хатми донишкада чанд сол дар корхонаи таъминоти барқи ноҳия кор кунад. Вай соли 2009 чун коргари оддии хоҷагии фермерии «Розиқбобо Р.» низ ба кӯмаки падар омад. Баъди панҷ сол ба корхонаи магистралии барқи вилоят низ кор сар кард. Пас аз ҳашт сол фаъолияти меҳнатиашро дар заводи коркарди гази «Қандем»-и ширкати «Лукойл»-и Русия ҳамчун электрик идома медиҳад. Бо вуҷуди ин, вай ҳамнафаси хоҷагии фермерӣ аст. Се сол муқаддам роҳбарии хоҷагии фермерии «Розиқбобо Р.»-ро ба зиммаи ӯ гузоштанд. Бо раҳнамоӣ ва кӯмаки падар фаъолияти муътадили хоҷагӣ таъмин гардид. Нақшаҳо чун аввала пурра иҷро мешаванд.

Хоҷагии фермерӣ имрӯз соҳиби 30 гектар замин буда, соли ҷорӣ дар 16 гектар майдон гандуми навъи «Алексеевич», дар 9,2 гектар пахтаи навъи «Бухоро-10» рӯёнд, қисми боқимондаро боғу чорбоғ (дар оянда обчакорӣ ва сабзавот корида мешавад) ташкил мекунад. Соли ҷорӣ деҳқонон 53 тонна ғаллаи хушсифат супориданд. Ба аъзоён низ баробари музди меҳнат чун натура 3-4 тоннагӣ гандум инъом гардид. Бояд таъкид намуд, ки «Розиқбобо Р.» панҷ нафар аъзои доимӣ дорад. Албатта, мавсими ғунучини ҳосил шумораи онҳо чанд ҳисса меафзояд. Бо шарофати меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносии оброн Ҳа-лимбой Аминов, аъзо Комил Раҷабов, Шаҳзода Раҷабова, Муқим Икромов, Рашид Муъминов деҳқонон пайваста ба мақсад мерасанд. Меҳнати саривақтии оқилона боиси комёбӣ мегардад. Аён аст, ки масъалаи камии об сол то сол ба ҷараёни кори деҳқонон фишор меорад. Аз ин рӯ, ҳимматбаландон бо роҳи кандани чоҳҳо, истифодабарӣ аз заҳкашҳо бо ёрии насос, мушкилоти норасоии обро бартараф месозанд. Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ низ ҳосили фаровони пахта фароҳам омад. Пахтачинӣ 3 сентябр оғоз ёфт. Нақшаи солонаро бо чинаки аввал қариб аллакай  иҷро карда буданд. Ҳоло пахтакорон ба пунктҳои қабул 32 тонна «тиллои сафед» супориданд ва ҳосилнокии майдонҳо ба 35 сентнерӣ расид. Ҷараёни ғунучини ҳосил идома дорад.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: