То даме, ки инсон зинда аст, орзу ва умед низ ҳамроҳи ӯст. Орзу чароғест, ки роҳи зиндагии моро равшан мекунад, сабаб мешавад, ки инсон ба оянда бо чашми умед нигоҳ кунад.
Орзуҳо ба ҳаёт мазмун мебахшанд, инсонро водор месозанд, ки барои беҳтар шудани зиндагии худ ва дигарон ҳаракат кунад, кӯшиш намояд ва ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашавад.
Аммо танҳо орзу кардан кифоя нест. Барои он ки орзуҳо танҳо дар хаёл намонанд, бояд ҳаракат кард. Кӯшиш, сабр ва меҳнат калиди расидан ба орзуҳоянд. Ҳатто як қадами хурд метавонад ба амалӣ шудани орзу роҳ кушояд. Вале дар баъзе ҳолатҳо, барои ба орзу расидан, инсон бояд солҳо сабр кунад, дониш ва маҳораташро ба кор андозад. Ҳар қадар орзу бузургтар бошад, ҳамон андоза меҳнати бештар талаб мекунад.
Орзуи ҳар инсон дар муҳити оилавии ӯ ташаккул меёбад. Орзуи падару модар бошад, нахустин замина ва роҳнамоест барои фарзанд. Вақте ки кӯдак ба дунё меояд, падару модар бо муҳаббат ва меҳрубонӣ ӯро нигоҳубин мекунанд ва дар дил орзу мекунанд, ки фарзанди онҳо дар оянда шахси солеҳ, босавод ва муваффақ гардад. Онҳо талош мекунанд, ки фарзандашонро хуб тарбия кунанд, илму дониш омӯзонанд ва ба ӯ роҳи рост нишон диҳанд.
Вақте хурд будам, модарам орзу доштанд, ки духтур шавам – касбе, ки дар ҷомеа мақому манзалати баланд дорад. Падарам бошад, орзу мекарданд, ки ҳатман таҳсил кунам ва соҳиби маълумоти олӣ гар-дaм. Ин орзуҳо дар муҳити оилавии мо ҳамеша садо медоданд ва ман низ кӯшиш мекардам, ки хушнудии онҳоро ба даст орам.
Солҳо сипарӣ шуданд. Ман ба синни мактабӣ расидам. Қадамҳои аввалини худро ба остонаи мактаб гузоштам. Дар он ҷо бо устодони меҳрубону ғамхор вохӯрдам, ки муҳаббат ба омӯзгориро дар дили ман бедор карданд. Ман бо эҳтиром ва ҳавас ба онҳо менигаристам ва дар дил хоҳиш доштам, ки мисли онҳо шавам – омӯзгоре, ки илму дониш медиҳад, тарбия мекунад ва муҳаббат ба Ватанро меомӯзонад.
Аз ҳамон рӯзҳо дар дили ман орзуи омӯзгор шудан ҷой гирифт. Солҳо гузаштанд, вале орзуи ман тағйир наёфт. Ман роҳеро интихоб кардам, ки худам дӯсташ медоштам. Хушбахтона, падару модарам низ қарор ва интихоби маро қабул карданд, маро дастгирӣ карданд ва имрӯз ман донишҷӯи донишкада ҳастам. Дар равияи таълими ибтидоӣ таҳсил мекунам ва орзу дорам, ки омӯзгори воқеӣ гардам – шахсе, ки на танҳо дарс медиҳад, балки дар қалби шогирд муҳаббат ба илм, ахлоқ ва инсонгароиро ҷой мекунад.
Орзуи падару модар асоси роҳи зиндагии мост, аммо фарзанд низ бояд ҳақ дошта бошад, ки орзуи худашро интихоб кунад. Агар падару модар хоҳиши фарзандро қабул кунанд ва дар роҳи расидан ба он кумак намоянд, пас муваффақияти фарзанд ҳам барои волидайн шодиву ифтихор меорад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо падару модар мехоҳанд ҳаёти фарзандашонро пурра идора кунанд. Ин гуна муносибат метавонад боиси нофаҳмӣ ва зиддият гардад.
Муносибати дуруст он аст, ки байни орзуи волидайн ва орзуи фарзанд ҳамоҳангӣ вуҷуд дошта бошад. Ҳар ду тараф бояд якдигарро гӯш кунанд, фаҳманд ва эҳтиром гузоранд. Танҳо дар ин сурат фарзанд метавонад бо дили гарм ва боварии қавӣ ба сӯи орзуи худ қадам занад. Падару модар низ бояд фаҳманд, ки фарзанд шахсияти мустақил аст ва интихоби ӯ бояд аз рӯи хоҳиш, қобилият ва диди шахсиаш бошад.
Зиндагӣ бе орзу маъно надорад. Орзуҳо моро ба пеш мебаранд, водор мекунанд, ки беҳтар шавем. Вақте ки орзуи падару модар бо орзуи фарзанд якҷо шавад, зиндагӣ шакли зеботару пурмаъниро мегирад. Падару модар бояд шарики орзуҳои фарзанди худ бошанд, на монеа дар роҳаш. Танҳо дар ин сурат метавон гуфт, ки «аз орзуи падару модар то орзуи ман» як пули мустаҳками фаҳмиш, муҳаббат ва дастгирӣ ҳаст.
Хуршедаи Файзулло,
донишҷӯйи Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд.