Пӯшида нест, ки ба хонандагони мактаб барои аз худ накардани дарс ва дермонӣ аз дарс ҷазо медиҳанд.
Ин ҷазо нисбати мактабхонони сустхону дарсгурез дар ҳар кишвар ҳар хел аст. Мо дар зер чанд мисолро аз тартиби ҷазодиҳӣ дар кишварҳои пешқадам пешкаши рӯзномахонон мекунем.
Дар ИМА барои ин қабил толибилмон ҷазои даҳшатнок – ба дарс дохил шуданро манъ кардан аст. Бояд гуфт, ки ин барои хонандаи амрикоӣ фоҷиа мебошад. Зеро донишомӯзе, ки баҳои ғайриқонатбахш мегирад, дар ҳамин синф такроран таҳсил мекунад. Баҳо тавассути компутер гузошта мешавад. Ба қонуншикании ҷиддӣ дар мактаб политсия ва суд шуғл меварзад.
Дар Ҷопон бачаро аз хурдсолӣ ба меҳнат меомӯзонанд. Синфхонаҳо ва саҳни мактабу ҳоҷатхонаро худи донишомӯзон тоза мекунанд ва пок нигоҳ медоранд. Дар мактаб ба тартибу интизом қатъиян амал карда мешавад. Ба дарс дер мондан, ороиши зиёдатӣ, амал накардан ба тарзи либоси мактабӣ ва бо ин либос ворид шудан ба дарс бо меҳнати ҷисмонӣ ва ё дарразанӣ ҷазо дода мешавад.
Дар Олмон агар хонанда аз дарс гурезад, ба ин кор созмони хидмати ноболиғон шуғл меварзад. Агар интизоми таълим вайрон шуда бошад, маъмурияти мактаб ба политсия хабар медиҳад. Хонанда агар дар як моҳ беш аз 3 рӯз бидуни сабаби ҷиддӣ дарсро азхуд накунад, ба миқдори 1000-2500 евро ҷарима медиҳад.
Дар Куриёи Ҷанубӣ муаллим ҳақ дорад ба донишомӯзи бадахлоқ ҷазо диҳад. Барои ин падару модарон ягон эътироз баён карда наметавонанд.
Дар Англия дар вақти дарс хонандагонро аз ҳудуди мактаб берун кардан манъ аст. Ин ҳол танҳо бо илтимоси хаттии роҳбари синф ва ё падару модарон имконпазир аст. Ғайр аз ин, падару модарон барои аз мактаб бидуни рухсат ва огоҳкунӣ ҳамроҳи худ бурдани фарзандашон ба ҷарима кашида мешаванд. Агар ин ҷаримаро дар муддати 28 рӯз насупоранд, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.
Дар Фаронса агар донишомӯз дар як моҳ зиёда аз 4 дафъа дарсро азхуд накунад, нисбати ӯ то 150 евро ҷарима таъин карда мешавад. Агар хонданро боздоштани волидайн ба таълими ӯ таъсиргузор бошад, онҳо 2 сол ҷазои ҳабс мегиранд ё ба миқдори беш аз 33 ҳазор евро ҷарима месупоранд.
Мисолҳои болоӣ муносибат ба мактаб ва таълимгирии донишомӯз аст.
Таҳияи Ҳотамалӣ Раҳматов.