Аз нақли кӯҳансолон, китобҳои оид ба гузаштаи дуру наздик донистан мумкин аст, ки дар деҳоти кӯҳистони Нурато вазъи мактабҳо чандон хуб набуд.
Масъалаи маориф ҳалталаб боқӣ мемонд. Нахуст синфхонаҳо, пасон мактабҳои нопурра таъсис меёфтанд. Дертар онҳо ба мактаби миёна табдил дода шуданд. Вале норасоии муаллим-омӯзгор бараъло эҳсос мегардид. Назар ба маълумотҳо, солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон танҳо аз деҳаи Ӯхм 200 нафар муаллимон ва хатмкунандагон ба майдонҳои ҳарб сафарбар гардида буданд.
Тавре шодравон Ҳотам Бозоров дар китоби худ «Шарораи хотираҳо» меоварад:
«Соли 1944 мактаби Ӯхм ба мактаби ҳафтсолаи рақами 24-уми ба номи Сталин табдил дода шуд. Дар ин солҳо Шакарбой Бозоров, Масъудбой Дармонов, Раҳмонқул Фармонов, Додобой Ҳамроев, Бекмурод Бердиев, Мусурмон Норбоев, Олимбой Қучқоров, Очилбой Аллаев ва ғайраҳо ба кори педагогӣ шурӯъ намуданд. Аз сабаби нарасидани муаллимон аз деҳаи Эҷ Бадал Нуров, Ҳазрат Бакриев, Тӯра Раҳмонов, аз деҳаи Синтаб Араббой Элмуродов, Давлат Тӯхтаев, Бобо Қосимов, аз деҳаи Моҷарм Қиронбой Ханҷаров, Мирзо Раҳимов, Бобо Давлатов, Одил Ҷӯраев, Қобил Тилаков, аз деҳаи Ҳоят Шафеъ Ҷӯраев, Темур Умуров, аз деҳаи Порашт Мусурмон Ёвбосаров, аз шаҳри Самарқанд Дилбар Ҷабборова, Сафар Сариков, Шуҳрат Ризоев, Шавкат Хӯҷаев, Ӯктам Камолов, аз Русия Зоя Андреева, Владимир Шатохин ва дигарон дар мактаби Ӯхм фаъолияти педагогии худро давом додаанд».
Иддае аз ҷавонони деҳаи Ӯхм синфҳои болоиро дар деҳаи ҳамсояи Синтаб мехонданд. Падари раҳматиам низ мактабро дар он ҷо ба хатм расонидааст. Ӯ ҳар замон дар ҳаққи ҳамсолону муаллимони худ мегуфт ва номи онҳоро бо эҳтирому самимияти хос ба забон мегирифт.
Тобистони соли ҷорӣ ба як маъракаи тағоям, ба маҳаллаи Янгикенти шаҳраки Митани ноҳияи Иштихон ҳамроҳи бародарам Музаффар раҳсипор гардидем. Амакам Аҳмад Додоев низ ба мо ҳамроҳ шуд. Сафари мо мисли пешина тавассути роҳи ағбаи Фориш сурат гирифт. Ба пушти кӯҳсори Нурато рафта, роҳ ба Зарметани ноҳияи Қӯшработ мепайвандад. Дар ин роҳ деҳаҳои Гараша, Накурт (зодгоҳи ҳофизи маъруф Бахтиёр Холхӯҷаев ва шоирони шодравон Азим Суюну Саъдулло Ҳаким)-ро қафо гузошта меравед. Аз начандон дурӣ қуллаи Панҷангушт намоён мешавад. Дар гузашта бо роҳи кӯҳӣ одамон савори аспу хар ба он сӯйи кӯҳ мерафтаанд ва дар бозгашт бо худ орду ғалла меоварданд. Аз ин деҳаҳои, ба қавле, болои кӯҳ дӯстони нав пайдо мекарданд. Ҳатто замони қаҳтӣ як қисми аҳолӣ ба он ҷоҳо кӯч бастааст.
Соли 1973 аз Самарқанд ба мактаби рақами 49-ум дар деҳаи Ӯхм омӯзгори забони англисӣ Ҳайит Эсонов меояд. Ва дар давоми як сол фаъолият мекунад. Ӯ он вақт ҳамагӣ бисту се сол дошт. Дар хонаи Додобой Ҳамроев (падари Аҳмад амакам) зиндагӣ ба сар мебарад.
Дар хонаи тағоям баъди каме дам гирифтан, Аҳмадака Ҳайит Эсоновро сӯроғ кард. Фурсате нагузашта, Ҳайит Эсонов ҳамроҳи писари хурдиаш Одил омад. Онҳо баъд аз панҷоҳу ду сол (беш аз ним аср) дидорбинӣ намуданд. Аз чашмонашон сиришки ашк мерехт, охир баъди ин қадар сол акнун якдигарро медиданд. Дуру дароз суҳбат оростанд. Аз гузаштаву гузаштагон ёд намуданд.
Номи якчанд нафар омӯзгоронро ба забон гирифта, аз Аҳмадака онҳоро мепурсид. Маълум гардид, ки он солҳо ба мактаби мазкур Мусурмон Норбоев (равонаш шод бод!) сарварӣ намудааст. Дертар ҳамсари ӯ Бозоргул Асилова роҳбарии мактабро бар ӯҳда гирифта буд.
Ҳайит Эсонов аз кисаи камзӯлаш коғазпече баровард ва аз он бо эҳтиёт аксеро ба даст гирифт. Дар он ӯ ҳамроҳи бобои Додобой акс гирифта буд. Зимни хайру хуш дӯстон аҳд бастанд, ки минбаъд ҳатман рафтуомадро ба роҳ мемонанд. Ба мақоли халқии «Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад» бори дигар итминон ҳосил намуданд.
Анорбой Назаров.
Вилояти Ҷиззах.
*Аз чап Ҳайит Эсонов ва раҳматӣ бобои Додобой Ҳамроев.