Дар он 6 ҷамоа барои пирӯзӣ рақобат карданд.
Дар доираи корҳои ободониву бунёдкории барномаи «Маҳаллаи обод – кӯчаи обод – хонадони обод» дар маҳаллаи «Навобод»-и ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд бо ташаббуси садорати варзиш, кор бо ҷавонони вилояти Тошканд дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми маҳаллаи Навобод бозии интеллектуалии «Заковат» гузаронда шуд. Дар он 6 ҷамоа барои пирӯзӣ талош варзиданд.
Инчунин байни хонандагони мактаб мусобиқаи футбол низ роҳандозӣ гардид, ки дар он 4 ҷамоа талош варзиданд. Ғолибон аз ҷониби ташкилотчиён бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд. Барномаи консертии оркестри ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ ва мудофиа ва ҳофизони маркази маданияти ноҳия ба иштирокчиёни чорабинӣ рӯҳи болида бахшид.
Суратгир: М. Қодирзода.