18-уми октябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Самарқанд ба таври васеъ ва пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Самарқанд чун Риму Афина аз қадимтарин шаҳрҳои дунёст. Соли 1970 бо қарори ЮНЕСКО 2500-солагии он ҷашн гирифта шуд. Чанде пеш олимон собит намуданд, ки Самарқанд таърихи 2750-3000-сола дорад.
Муаллифи китоби «Самария» Абӯ Тоҳирхоҷаи Самарқандӣ, ки аз донишмандони машҳури Осиёи Миёна ба шумор меравад, дар хусуси шаҳри бостонӣ чунин менависад: «Ҳавои ин шаҳр некӯ ва муътадил аст. Фасли баҳори ин шаҳр дар хубӣ намунае аз биҳишт аст. Бинобар ин Самарқанди фирдавсмонанд мегӯянд ва дар саҳни ҳар дашт намунаи биҳишт намудор ва қитъаи ҳар саҳро гулистони Ирам ошкор мегардад...»
Боиси хушнудист, ки Самарқанд асрҳо инҷониб дар маркази эътибори аҳли адабу фарҳанг буду ҳаст.
Алҳол баробари таҷлили Рӯзи шаҳри Самарқанд ба иҷлосияи 43-юми ЮНЕСКО тайёрии пухта дида мешавад.
– Аз аҳамияти алоҳидаи ин ташкилоти роҷеъ ба масъалаҳои таълим, илму дониш ва фарҳанг аст, ки он дар 40 соли охир бори нахуст на дар ситодхонаи вай дар Париж, балки дар Самарқанд баргузор хоҳад шуд, – гуфт ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов. – Барои ба таври муносиб пешвоз гирифтани иштирокчиён ва меҳмонони олиқадр дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд ва роҳи оҳан шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Чорабиниҳои асосии анҷуман дар маркази байналмилалии сайёҳии Silk Road Samarkand баргузор мегардад. Дар ҳашт меҳмонхонаи замонавӣ ҳайати намояндагони дараҷаи олӣ ва иштирокчиёни он ҷойгир карда мешаванд.
Ҳокимияти вилоят ва шаҳр ба муносибати Рӯзи Самарқанд тадбирҳои пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор мекунанд, ки ба меҳмонону мизбонон маъқулу манзур хоҳанд шуд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.