Дар павилони Кумитаи масъалаи муносибатҳои байнимиллӣ ва ҳамватанони хориҷии ҷумҳурӣ ба мавзӯи «Дар бораи Ватанамон Ӯзбекистон» маҳфили адабӣ баргузор шуд.
Чанде қабл дар павилони Кумитаи масъалаи муносибатҳои байнимиллӣ ва ҳамватанони хориҷии ҷумҳурӣ бо ҳамдастӣ ва ҳамкории кумитаи мазкур, Иттифоқи нависандагон ва Алянси шаҳрҳои бародар бо иштироки намояндагони кумита, шоирон, олимону нависандагон, роҳбарон ва фаъолони ҷамъияти дӯстӣ, ҳамватанони хориҷӣ, ходимони ВАО, ходимон ва фаъолони марказҳои миллии фарҳангӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Навоӣ доир ба мавзӯи «Дар бораи Ватанамон Ӯзбекистон» маҳфили адабӣ баргузор шуд.
Шеърҳои шоирон ва баромади олимону нависандагон, ки дар бораи Ватани биҳиштосоямон – Ӯзбекистон, дӯстиву бародарӣ ва ваҳдати халқҳо буд, ба ҳозирин ғизои маънавӣ бахшид.
Рақсу таронаҳои ҳунарпешагоне, ки дар бар либоси миллии миллату халқиятҳои Ӯзбекистони сермиллатро доштанд, хотири гирдиҳамомадагонро болида сохт.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».