Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо фаъолон ва собиқадорони иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон

Дӯстони азиз, меҳмонони муҳтарам!

Собиқадорон ва фаъолони  муҳтарами иттифоқҳои касаба!

Аз он хурсандам, ки шуморо бо кайфияти хуш мебинам.

Ба ҳамаи шумо, миллионҳо нафар аъзои иттифоқҳои касабаи мамлакат эҳтироми амиқ ва таманноҳои самимитарини худро изҳор менамоям.

Алҳол мо дар назди худ мақсадҳои бузург ниҳодаем ва дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав боэътимодона қадам мениҳем.

Дар шароити мураккаби кунунӣ, ҳангоме ки дар олам шиддати геосиёсӣ ва иқтисодӣ меафзояд, мо бо қатъият сулҳу салоҳеро, ки дар кишварамон ҳукмрон аст, мустаҳкам мекунем, ҳаёти халқи сермиллатамонро беш аз пеш хубтар менамоем.

Бидуни шубҳа, ҳамаи ин худ аз худ ба вуқӯъ намепайвандад.

Бо вуҷуди ин ҳар қадар мураккаб бошад ҳам, мо ҳамҷиҳатона кор мекунем, тамоми душворӣ ва имтиҳонҳоро сазоворона паси сар менамоем.

Дар ин бобат, бешубҳа, нақш ва саҳми ҳар кадом ҳамватан, тамоми халқи меҳнатдӯсту кушодадили мо бебаҳост.

Ман дар байни онҳое, ки дар мулоқоти имрӯзаи мо ҳузур доранд, бисёр касонеро мебинам, ки ҳаёти худро ба ин кори нек, ҳифзи меҳнати инсон, манфиатҳои қонунии ӯ бахшида, тӯли солҳои дароз дар соҳаи мазкур пурмаҳсул кор кардаанд, соҳиби ҳурмату эҳтиром гардидаанд.

Шумо хуб медонед, ки меҳнати инсон, шаъну шарафи ӯ чи дараҷа сарвати бебаҳо ба шумор меравад.

Ҳоли ҳозир, ҳангоме ки дар кишвари мо мақсади асосии тамоми ислоҳот бунёди давлати воқеан халқӣ, иҷтимоӣ, арзиши бузургтарин бошад, инсон ва манфиатҳои вай гардидааст, барои мо таҷрибаи ғанӣ ва донишҳои шумо, азизони ман, бағоят муҳим мебошад.

Аз фурсат истифода бурда, ба фаъолони иттифоқҳои касаба, ки дар ҳар кадом корхона ва дар ҳар як ташкилот муҳити корӣ, дар ҷамоаҳои меҳнатӣ бошад, рӯҳи рағбатноксозиву адолатнокиро дастгирӣ мекунанд, аз таҳти дил миннатдорӣ баён менамоям.

Дӯстони азиз!

Ниёи мо, маърифатпарвари бузург Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ мегӯяд: «Агар мо ҳаёти худро дигаргун кардан хоҳем, бояд, пеш аз ҳама, эътироф кардани ҳуқуқи одамонро омӯзем».

Воқеан, дар кишваре, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешаванд, одамон озодона зиндагӣ ва кор мекунанд, даромад мегиранд, бешубҳа, ҳам давлат ва ҳам ҷамъият инкишоф хоҳанд ёфт. Вобаста ба ин аз рӯзҳои аввали ислоҳот мо вазифаи бартаринок – татбиқ сохтани ғояи неки «Барои қадри инсон»-ро чун рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мушаххас намудем.

Ба шарофати саъю ҳаракатҳоямон дар самти мазкур тӯли ҳашт сол ба иқтисодиёти мамлакат 130 миллиард доллар сармояҳо ҷалб гардиданд, ҳазорҳо иқтидорҳои нав ба кор пардохтанд, миллионҳо ҷойҳои кори доимӣ фароҳам омаданд.

Мо ба сектори хусусӣ роҳи васеъ кушодем, барои одамоне, ки мехоҳанд фидокорона кор кунанд, шароити сазовори кор муҳайё намудем, дар натиҷа даромад ба ҳар сари аҳолӣ ба 3,5 ҳазор доллар расид.

Барои таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як инсон, ҳифзи меҳнат, дастёбӣ ба ҳимояи кафолатноки иҷтимоӣ мо пойгоҳи мустаҳками қонунгузориро ташкил кардем. Дар самти мазкур қабул шудани Сарқонуни  навшуда, Кодекси меҳнат дар таҳрири нав, қонунҳои «Дар бораи шуғли аҳолӣ», «Дар бораи иттифоқҳои касаба» иқдоми бахусус муҳим гардиданд.

Намояндагони иттифоқҳои касаба ба ҳайати шӯроҳои ҷамъиятии коршиносии назди парлумон низ дохил карда шуданд. Ин ба ҳимояи беш аз пеш муътамади манфиати кормандон ҳангоми қабули қонунҳо хидмат хоҳад кард.

Дар Ӯзбекистони Нав ташаккул додани ҷомеаи озод ва муқтадири шаҳрвандӣ низ аз ҷумлаи самтҳои асосии мо боқӣ мемонад.

Ҳаҷми дастгирии идораҳои ҷамъиятӣ нисбати соли 2017-ум 100 баробар афзуд ва соли равон ба 1 триллиону 200 миллиард сӯм расид.

Барои дахолат ба фаъолияти идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, баррасӣ нагардидани натиҷаҳои назорати ҷамъиятӣ ҷавобгарӣ муқаррар гардид.

Хулоса, низоми миллии ҳуқуқӣ ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ карда шуд ва кафолати муътамади ҳуқуқҳои инсон, фаъолияти идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Бояд таъкид намуд, ки Ӯзбекистон аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки меъёрҳои Созмони байналхалқии меҳнатро фаъолтар аз дигарон қабул мекунанд ва дар соҳаи мазкур сазовори эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ мегарданд. Эътибор диҳед, ҳашт сол муқаддам миқдори ҳуҷҷатҳои Созмони байналхалқии меҳнат, ки дар Ӯзбекистон қабул гардидаанд, 12 ададро ташкил медод, имрӯз бошад, вай ба 25 адад расидааст. Дар ин маврид Ӯзбекистон ин ҳуҷҷатҳоро қабул намуда, ӯҳдадориҳои зиёдеро низ ба зиммаи худ мегирад.

Барои чӣ мо чунин масъулияти бузургро бидуни шубҳа ба дӯши худ мегирем?

Дар пояи тамоми ислоҳоти мо – баланд бадоштани шаъну шарафи инсон нуҳуфтааст. Ин бошад ба муҳтавои ҳуҷҷатҳои байналхалқие, ки кишвари мо ба он ҳамроҳ мешавад, куллан ҳамоҳанг мебошад.

Воқеан, маҳз эътибор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон асоси тамоми комёбиҳои мо ба шумор меравад.

Дӯстони азиз!

Шумо, бешубҳа, дар ёд доред, ки чи гуна тӯли солҳои зиёд куллан аз байн бардоштани меҳнати бачагонаву иҷборӣ барои мо масъалаи бағоят дарднок буд. Куллан ба шарофати иродаи муқтадир ва мавқеи қатъӣ мо ин мушкилоти мураккабро бомуваффақият ҳаллу фасл кардем. Тағйироти мазкур, ки садоқати Ӯзбекистони Навро ба равандҳои инсонпарварӣ инъикос менамояд, дар ҳаёти ҷамъиятии мо саҳифаи куллан навро боз мекунад. Аз ин ҳамчунин он чиз шаҳодат медиҳад, ки Созмони байналхалқии меҳнат ба давлатҳои дигар тавсия дод, ки барои аз байн бардоштани меҳнати бачагона ва иҷборӣ ба сифати намуна аз таҷрибаи пешқадами кишвари мо ибрат гиранд.

Пахтаи Ӯзбекистон аз «рӯихати сиёҳ»-и бисёр ширкатҳои машҳуру бонуфузи ҷаҳон хориҷ карда шуд. Созмони «Cotton Campaign» манъеро, ки барои Ӯзбекистон ҷорӣ гардида буд, куллан бекор кард.

Иттиҳоди Аврупо ба Ӯзбекистон низоми «GSP+»-ро, ки имкон медиҳад ба бозори давлатҳои аврупоӣ дар пояи имтиёзҳо ворид гардад, пешниҳод кард. Барои маҳсулоти мо 26 бозори нав кушода гардид, содирот ба Аврупо 5 баробар афзуд ва ба 1,5 миллиард доллар расид.

Дар собиқа мо дар бораи чунин рақамҳо ҳатто наметавонистем фикр кунем. Алҳол ин кор идома дорад. Дар ҳафтаи оянда мо бо Иттиҳоди Аврупо муоҳидаро дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ имзо мекунем. Баробари таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, амният, аксуламал ва тамаъгарӣ, терроризм ва самтҳои дигар ин низ ба рушди минбаъдаи робитаҳои сармоявӣ ва тиҷоративу иқтисодии давлатҳои Аврупо ва Ӯзбекистон хидмат хоҳад кард.

Хурсандиовар аст, ки комёбиҳои мо дар арсаи байналхалқӣ сазоворона эътироф карда мешаванд.

Ӯзбекистон дар шумори давлатҳои камтарини ҷаҳон дар татбиқ сохтани ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид «Акселератори ҷаҳонӣ барои созмон додани ҷойҳои корӣ ва таъмин сохтани ҳифзи иҷтимоӣ барои гузаштани одилона» иштирок мекунад, дар «Ҳамҷамъияти ҷаҳонӣ барои адолати иҷтимоӣ»-и Созмони байналхалқии меҳнат ширкат менамояд, соли гузашта кишвари мо узви Шӯрои маъмурии созмони мазкур интихоб гардид.

Дар арсаи байналхалқӣ эҳтиром ва эътимод ба Ватани мо меафзояд, дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон дӯстон ва шарикони мо торафт бештар мешаванд. Магар ин шаҳодати эътимоди бузург ва эътирофи ислоҳоти мо нест?

Аз фурсат истифода бурда, ба Созмони байналхалқии меҳнат ва дигар сохторҳои бонуфузи байналхалқӣ, ки бо мо бинобар масъалаҳои мазкур ҳамкории қарин доранд, миннатдорӣ изҳор менамоям.

Дар натиҷаҳое, ки мо ба даст овардаем, бешубҳа, саҳми сазовори иттифоқҳои касаба низ ҳаст, ки дар сафҳои худ анқариб 8 миллион аъзо доранд, созмони аз ҳама халқӣ ва бузургтарини ғайридавлатии кишвари мо ба шумор меравад.

Мо барои фаъолияти озодона ва мустақили иттифоқҳои касаба дар Ӯзбекистон тамоми шароитро фароҳам овардаем ва ҳамеша ба ин равандҳо содиқ хоҳем монд. Мо минбаъд низ сиёсати таъмин сохтани ҳуқуқи муттаҳид шудан ба иттифоқҳои касаба, пешгирии дахолат накардан ба фаъолияти онҳоро қатъиян идома медиҳем.

Вобаста ба ин фидокории иттифоқҳои касаба дар ҳимояи ҳуқуқ барои меҳнат дар корхонаҳо ва ташкилот сазовори эътирофи махсус мебошад. Инро боз он чиз тасдиқ менамояд, ки солҳои охир ҳуқуқҳои қонунии тақрибан 500 ҳазор корманд ҳифз гардиданд, 267 миллиард сӯм ба фоидаи онҳо ситонида шуд. Ҳамчунин ба 1 ҳазор кормандон, ки аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот зарар дидаанд, 35 миллиард сӯм ҷубронпулӣ пардохта шуд. 13 ҳазор коркун, ки бар хилофи қонун аз кор ронда шуда буданд, ба ҷойҳои кории худ барқарор карда шуданд.

Чаҳор сол муқаддам бо ташаббуси шумо мо бори аввал Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоиро таъсис додем. Он дар фаъолияти иттифоқҳои касаба самти нав гардид.

Муътақидам, ки хатмкунандагони академия дар корхона ва ташкилот муҳофизони ҳуқуқҳои меҳнатӣ мегарданд, дар таҳкими қонунмандии соҳаи мазкур саҳми муносиб мегузоранд.

Умуман самтҳои нави фаъолияти иттифоқҳои касаба...

Дар маҷмӯъ, самтҳои нави фаъолияти иттифоқҳои касаба ба баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо на танҳо дар кишвари мо, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мусоидат мекунанд. Бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон соли 2021 дар шаҳри Тошканд Шӯрои иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфт. Соли 2023 бошад, дар шаҳри Самарқанд Созмони иттифоқҳои касабаи давлатҳои турк таъсис дода шуд.

Федератсияи мо соли гузашта узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ ба баланд шудани мақоми Федератсияи мо дар арсаи ҷаҳон мусоидат намуд. Мо ҳамчунин аз иқдомҳои Федератсия дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини баробарии гендерӣ, беҳдошти саломатии кормандон ва оилаҳои онҳо, рушди фарҳанг ва варзиш пурра ҷонибдорӣ менамоем.

Муҳтарам иштирокчиёни вохӯрӣ!

Фароҳам овардани шароити зарурӣ барои меҳнати шоиста, рушди касбӣ, истироҳат ва барқарорсозии саломатии ҳар як инсон дар Ӯзбекистони Нав масъалаи ниҳоят муҳим мебошад.

Бо ин мақсад мо модели нави давлати иҷтимоиро ташаккул медиҳем. Ва дар ин раванд, шумо бояд ба ташаббуси «Иттифоқҳои касабаи қавӣ — асоси ҷомеаи қавӣ» такя намуда, дар сафи пеш бошед.

Шумо чӣ мегӯед, агар якҷо ба муайян кардани вазифаҳо барои рушди минбаъдаи фаъолияти иттифоқҳои касаба ва беҳтар намудани муносибатҳои меҳнатӣ оғоз намоем?

Якум, самаранокии ислоҳот мустақиман аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза одамон ба меҳнати худ таваҷҷуҳ ва ҳавасмандӣ доранд.

Шумо хуб медонед, ки мо бори аввал аз соли 2023 чунин нишондиҳанда, ба мисли «хароҷоти ҳадди ақали истеъмолӣ»-ро таҳия намуда, ба амалия ҷорӣ кардем. Дар Конститутсияи навшудаи мо равшан зикр шудааст, ки андозаи нафақаҳо, кӯмакпулиҳо ва ёрии иҷтимоӣ набояд аз хароҷоти ҳадди ақали истеъмолӣ камтар бошад.

Иқтисодиёти кишвар бо суръати устувор рушд мекунад. Бо назардошти ин, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, мо ҳамасола андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро зиёд менамоем.

Аммо бояд ошкоро эътироф кард, ки ин масъалаҳо аксаран яктарафа, яъне тибқи ҳисобу пешниҳодҳои идораҳои давлатӣ ҳал карда мешаванд. Аз ин рӯ, ман чунин мешуморам, ки аз соли оянда ҳангоми таҳияи санадҳои қонунгузорӣ оид ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат Комиссияи сесоҳавии ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва меҳнатӣ (Федератсияи иттифоқҳои касаба, Вазорати шуғл ва Конфедератсияи корфармоён) низ ҷалб карда шавад, дуруст хоҳад буд.

Ин ба як муносибати нави таъминкунандаи ҳимояи манфиатҳои кормандон ҳангоми муайян кардани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат табдил меёбад.

Ҳамзамон, мо бояд амиқ дарк намоем, ки арзиши инсон ва сифати зиндагии ӯ на танҳо аз рӯи музди меҳнат, балки аз муҳити иҷтимоӣ низ муайян карда мешавад. Барои ин мо бояд ба таври кафолатнок кормандонро бо манзил, таҳсилоти босифат, хидматрасониҳои тиббӣ ва нақлиётӣ таъмин намоем, инчунин шароите фароҳам оварем, ки онҳо даромаде ба даст оранд, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои муҳимтарини зиндагӣ басанда бошад.

Бо як сухан, ҳар як корманд ва ҳар як оила бояд дар таҷрибаи худ сатҳи сифати зиндагиро эҳсос намоянд ва давлату ҷомеа бошад, онро кафолат диҳанд.

Бовар дорам, ки иттифоқҳои касаба дар ин кор фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Дуюм, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди рақамӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ усулҳои нав низ ба таври васеъ паҳн мешаванд.

Имрӯз, дар натиҷаи имконияту шароите, ки мо фароҳам овардем, тақрибан 6 миллион нафар ҳамчун худмуздур фаъолият мекунанд ва даромад ба даст меоранд. Масалан, ҳамватанони мо дар айни замон дар даҳҳо касбҳо дар асоси шуғли платформавӣ, ба монанди барномасозии IT, веб-дизайн, ҳунармандӣ, ронандаи таксӣ, курер ва ғайра кор мекунанд. Бисёре аз шаҳрвандони мо, махсусан занон, кори фосилавиро омӯхтаанд.

Ҳамзамон, мо муассисаи маҳалларо ба таври куллӣ ислоҳ намуда, низоми воқеан халқиро таъсис додем, ки дар он роҳбарони ҳамаи сатҳҳо бо звенои поёнтарин кор мекунанд.

Бо ҳисоби ихтисосмандсозии маҳаллаҳо дар самтҳои драйверӣ, 1,5 миллион оила дар хона кор мекунанд ва даромад мегиранд.

Имрӯз ин самтҳо ба қисми рушди иқтисодии мо табдил ёфтаанд ва одамоне, ки дар ин соҳаҳо фаъолият мекунанд, субъектони баробари муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд.

Акнун, ба фикрам, дуруст мебуд, ки низоми самарабахше роҳандозӣ гардад, ки дар он иттифоқҳои касаба низ бо маҳаллаҳо зич ҳамкорӣ кунанд.

Ба мақсад мувофиқ хоҳад буд, агар Вазорати шуғл (Б. Зоҳидов) якҷо бо иттифоқҳои касаба ба Ҳукумат пешниҳодҳои асоснок оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва бехатарии шаҳрвандоне, ки дар платформаҳо фаъолият мекунанд, инчунин суғуртаи ҳаёт ва амнияти онҳо тақдим намоянд.

Сеюм, дар давраи гузашта иттифоқҳои касаба дар соҳаи ҳифзи меҳнати занон таҷрибаи бузург андӯхтаанд.

Аз ҷумла, тавассути «дафтари занон» ба 4,5 миллион зани ниёзманд ва камбизоат кӯмак расонида шудааст.

Имрӯз тамоми имкониятҳо мавҷуданд, то иттифоқҳои касаба дар ташаккули табақаи иҷтимоии фаъол аз ҳисоби занон ба қувваи пешбаранда табдил ёбанд. Дар ин замина пешниҳод мекунам, ки низоми навро бар асоси принсипи «Иттифоқҳои касаба — барои ҳимояи манфиатҳои занон» таъсис диҳем.

Бовар дорам, ки бонувони муҳтарамамон хушҳол хоҳанд шуд, агар дар доираи ин низом Комиссияи дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии занон ва Федератсияи иттифоқҳои касаба барои ҷорӣ кардани усулҳои нав дар масъалаҳои фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои занон дар бозори меҳнат, мусоидат ба пайдо кардани ҷойи шоистаи онҳо дар зиндагӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии онҳо; ташкили дастгирӣ тавассути «дафтари занон» барои он заноне, ки ниёз ба беҳтар намудани шароити зист ва маишат, ёрии тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ доранд, инчунин барои онҳое, ки ба зулм ва зӯроварӣ дучор шудаанд; идомаи густариши барномаҳои шуғл ва дастгирии соҳибкорӣ байни занони деҳот; баррасии ҳарсолаи натиҷаҳои аудити гендерӣ дар дастаҳои меҳнатӣ, ташкили шароити боз ҳам мусоидтар барои занон дар ҳамкорӣ бо корфармоён; инчунин таҳияи стратегияҳои ҳадафманд барои таъмини баробарии гендерӣ дар доираи 14 иттифоқи соҳавии касаба чораҳо андешанд.

Чорум, иттифоқҳои касаба бузургтарин ташкилоте мебошанд, ки дар соҳаи ҳифзи меҳнат назорати ҷамъиятиро амалӣ мекунанд.

Дар панҷ соли охир онҳо дар корхонаҳо ва ташкилотҳо 152 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунро ошкор намудаанд. Дар асл, чунин ҳолатҳо боз ҳам бештар ҳастанд.

Масалан, танҳо дар судҳо дар тӯли се сол зиёда аз 48 ҳазор баҳси меҳнатӣ баррасӣ шудааст. Мувофиқи мақсад мебуд, агар иттифоқҳои касаба ҳамчун звенои миёнарави созиш ва оштӣ пеш аз расидан ба суд дар ҳаллу фасли баҳсҳои байни корфармо ва корманд фаъолтар мешуданд.

Ҳамзамон, то ҳол низоми ягонаи маълумот оид ба ҳодисаҳои нохуши вобаста ба кор ва бемориҳои касбӣ мавҷуд нест. Масалан, сабти ҳодисаҳо ва омӯзиши сабабҳои онҳо то ҳол ба таври коғазӣ, тибқи меъёрҳои куҳнаи қарори ҳукуматӣ, ки сӣ сол пеш қабул шудааст, анҷом дода мешавад.

Имрӯз, ки ҳамаи соҳаҳо рақамисозӣ мешаванд, гумон дорам, ки шумо хуб дарк мекунед — зарурати ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ барои ҳарчи зудтар ҳалли чунин масъалаҳо то чӣ андоза муҳим аст.

Ба Вазири шуғл Б. Зоҳидов, Вазири тандурустӣ А. Худаяров ва Вазири технологияҳои рақамӣ Ш. Шерматов супурда мешавад, ки якҷо бо иттифоқҳои касаба дар муҳлати ду моҳ низоми ягонаи маълумот дар бораи ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳои касбиро роҳандозӣ намоянд, инчунин лоиҳаи қарорро оид ба баҳисобгирӣ, таҳлили сабабҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод кунанд.

Панҷум, айни замон дар таркиби Федератсия 14 иттифоқи соҳавии касаба фаъолият доранд.

Мутаассифона, овози онҳо дар пешниҳод кардани ташаббусҳое, ки ба ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои кормандони соҳавӣ нигаронда шудаанд, шунида намешавад.

Тавре мебинед, ба иқтисодиёти мо соҳа ва самтҳои нав босуръат ворид мешаванд ва мувофиқан, касбу технологияҳои нав пайдо мешаванд. Дар чунин шароит, оё ба иттифоқҳои касабаи соҳавӣ лозим нест, ки бо вазорату идораҳо ҳамкорӣ намуда, вазифаҳои мушаххасро пеш гузоранд?

Бинобар ин, пешниҳод мекунам, низоми мунтазам баргузор намудани ҷамъомадҳои муштараки вазорату идораҳо ва мақомоти колегиалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ роҳандозӣ шаванд.

Боварии комил дорам, ки чунин шакли мулоқот эътимод ва ҳамкории мутақобиларо миёни «давлат – корфармоён – гурӯҳҳои меҳнатӣ» таҳким бахшида, ба механизми самарабахш табдил меёбад.

Шашум, дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии меҳнат Барнома оид ба меҳнати шоиста дар Ӯзбекистон, ки то соли 2030 нигаронида шудааст, таҳия мегардад.

Ҳадафи асосии ин – арҷ гузоштан ба қадри инсон дар соҳаи меҳнат ва фароҳам овардани шароити меҳнати одилона ва бехатар барои тамоми шаҳрвандон мебошад.

Бинобар ин, дар барнома ба масъалаҳои таъмини шуғли шоиста, ҳифзи меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, баробарии гендерӣ, ҷавонон ва фарогирӣ диққати махсус додани Федератсияи иттифоқҳои касаба, Вазорати таъмини шуғл ва Конфедератсияи кордиҳандагонро зарур меҳисобам.

Ғайр аз ин, дар шароите, ки рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди «сабз» босуръат рушд мекунанд, муносибатҳои меҳнатӣ низ бояд мувофиқ ба ин равандҳо роҳандозӣ шаванд.

Барномаи «Меҳнати шоиста»-и таҳияшаванда «харитаи роҳ»-и стратегие хоҳад шуд, ки иқтисодиёти моро, ки босуръат рушд меёбад, бо адолати иҷтимоӣ ҳамоҳанг месозад.

Ҳафтум, пурзӯр намудани кафолатҳои дастгирии иҷтимоии шахсоне, ки бинобар сабабҳои гуногун бекор мондаанд, дар раванди меҳнат бемор ё маъюб шудаанд, низ вазифаи муҳим ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, қабули Қонун «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ»-ро, ки мустақиман амал мекунад, суръат бахшида, дар он бобати ташаккули фонди суғуртаи иҷтимоӣ иштироки корманду корфарморо мушаххас муайян намоем, одилона хоҳад шуд.

Боз як масъала – дар шароити кунунӣ, ки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ босуръат рушд мекунад, ба мардум саривақт ва дуруст расонидани маълумоти боэътимод хеле муҳим аст.

Дар иттифоқҳои касаба барои ин ҳам имконият, ҳам шароит ва ҳам иқтидори кофӣ мавҷуд.

Иттифоқҳои касаба, ки аудиторияи аз ҳама калонро фаро мегиранд, бояд дар тарғиби меҳнати ҳалол ва содиқона ва паҳн намудани ахбороти марбут ба риояи қонун дар муносибатҳои меҳнатӣ дар сафи пеш қарор гиранд.

Меҳмонони азиз!

Зиёда аз 30 сиҳатгоҳ ва беш аз 100 истироҳатгоҳи кӯдаконаи низоми иттифоқҳои касаба барои барқарор намудани саломатӣ ва истироҳати кормандону фарзандони онҳо хидмат мерасонанд.

Дар панҷ соли охир тақрибан 900 ҳазор шаҳрванд дар сиҳатгоҳҳо саломатии худро барқарор карданд ва дар истироҳатгоҳҳо 800 ҳазор кӯдак истироҳат намуданд.

Чанде пеш дар Иссиқкӯл пансионати «Бӯстон-Резорт» ба фаъолият оғоз кард, ки барои ҳамватанонамон имконияти нави фароғатиро фароҳам овард. Ҳамзамон, рамзи таҳким ёфтани муносибатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон гардид.

Агар алҳол инфрасохтори иттифоқҳои касаба пурра эҳтиёҷоти аҳолиро фаро гирифта наметавонад гӯем, ин низ ҳақиқат хоҳад буд.

Дар ин масъала, ҳокимон низ набояд бетараф бошанд. Агар ҳар сол онҳо якҷо бо иттифоқҳои касаба ё бо кӯмаки шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ, дар асоси лоиҳаҳои муосир доир ба бунёди яктоӣ сиҳатгоҳ ва истироҳатгоҳ дар минтақаи худ барномаи алоҳида тасдиқ намоянд, фикр мекунам, ки ин иқдоми дуруст мешавад.

Дӯстони азиз!

Ҳаёт ҳамеша як ҳақиқатро собит мекунад: бе омӯхтани амиқи таърих, ояндаро наметавон бунёд кард. Аз ин рӯ, омӯхтани таърихи ҳар як муассисаву ташкилот, гиромидошти хотираи инсонҳое, ки дар онҳо заҳмат кашидаанд, ба насли оянда расонидани амалҳои неки онҳо вазифаи ҳамаи мо мебошад.

Бо ин мақсад, натиҷаи таҳқиқоти олимон, собиқадорон ва фаъолони соҳа исбот кард, ки ҳаракати иттифоқҳои касаба дар кишвари мо соли 1905 ба вуҷуд омадааст.

Осорхонаи таърихи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, ки аз ин чор сол муқаддам дар шаҳри Тошканд таъсис ёфт, дар шинос намудани мардум бо маълумоту экспонатҳои марбут ба соҳа нақши муҳим мебозад.

Аз ин рӯ, имсол дар саросари кишвар ҷашни 120-солагии ҳаракати иттифоқҳои касаба васеъ таҷлил мегардад.

Ба муносибати ин санаи муборак, ҳамчун ифодаи эҳтиром ва арҷгузории амиқ ба халқи меҳнатдӯстамон дар ҳар як минтақа таъсис додани «Боғи иттифоқҳои касаба»-ро пешниҳод мекунам.

Ҳоло супориш медиҳам, ки ҳокимони вилоятҳо бо шумо машварат намуда, дар давоми ду ҳафта ҷойро ҷудо карда медиҳанд. Федератсияи иттифоқҳои касаба – дар шаҳри Тошканд, 14 иттифоқи касабаи соҳавӣ – дар маркази вилоятҳо ба ташкили ин боғҳо сару бар шаванд, онҳоро ба гӯшаҳои зебо табдил диҳанд, ин низ чун ифодаи рамзи меҳнатдӯстӣ хидмат хоҳад кард.

Иттифоқҳои касабаи корхона ва ташкилотҳо низ дар корхона, кормандон дар маҳаллаҳое, ки зиндагӣ мекунанд, дарахт шинонда, минтақаҳои сабзро васеъ намоянд, корҳои тозагӣ ва ободониро ташкил кунанд, фикр мекунам, муҳити ҷамоаҳои меҳнатӣ ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт.

Ҳамватанони гиромӣ, дӯстони арҷманд!

Фикр мекунам, пешниҳод ва ташаббусҳое, ки дар мулоқоти имрӯз баён шуданд, барои рушди соҳа судманд хоҳанд буд.

Бори дигар эътимод ҳосил кардам, ки корҳои якҷо оғозкардаи мо барои ҳар як гурӯҳи меҳнатӣ, ҳар як корманд ва оилаи онҳо манфиатовар мебошанд. Минбаъд низ ғояи неки «Барои қадри инсон» чун яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав боқӣ хоҳад монд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, Шумо, азизонро, бо ҷашни 120-солагии Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ва Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки дар пеш аст, аз самими қалб самимона муборакбод менамоям.

Бароятон сиҳҳативу саломатӣ, дар фаъолияти пурмасъулияту шарафманд комёбӣ ва омад, барои хонаводаҳоятон бахту саодат ва файзу баракот орзумандам.

Халқу диёрамон ҳамеша осудаву обод бошад!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: