Ихтисосонидани ҳар як маҳалла — кафолати рушди он

Маҳалла на танҳо воҳиди маъмурию ҳудудӣ, балки сохтори муассирест, ки дар ҷомеа равандҳои назорати иҷтимоӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкориро амалӣ месозад.

Ҷамъомади видеоселектории навбатӣ, ки 14 октябр таҳти раёсати Президент баргузор гардид, ба як нуқтаи муҳим ва гардиши нав дар низоми кори маҳаллаҳо табдил ёфт. Дар ҷаласа вазифаҳои мушаххас оид ба рушди маҳаллаҳо муайян карда, сарчашмаҳои маблағгузорӣ нишон дода шуданд ва ба зиммаи шахсони мансабдор масъулияти бузург гузошта шуд.

Аз ҷумла, бо татбиқи низоми «ҳафтгонаи маҳалла» ва супоридани беш аз 100 намуди хизматрасонӣ ба сатҳи маҳалла, аз ҷумла қарздиҳӣ, субсидия, ҷубронпулӣ ва кӯмаки моддӣ, 7,5 миллион шаҳрванд тавонистанд аз камбизоатӣ бароянд, сатҳи бекорӣ ду маротиба коҳиш ёфт ва зиёда аз 3,5 ҳазор маҳалла симои замонавӣ гирифтанд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои рушди соҳибкорӣ баррасӣ шуданд. Хусусан, таъкид гардид, ки барои ҳар як маҳалла вобаста ба имкониятҳояш ихтисос (ё самти махсусгардонӣ) муайян карда шавад ва лоиҳаҳои хурде таҳия гарданд, ки боиси фароҳам овардани ҷойи корӣ барои ҳадди ақалл 200 ҳазор нафар мегарданд. Моҳияти чунин равиш дар он аст, ки барои рушди маҳалла дар самти мушаххас шароит фароҳам оварда шавад.

Ба маҳаллаҳо ҳуқуқ дода шудааст, ки иншооти давлатии истифоданашавандаро, ки масоҳаташон то 2000 метри мураббаъ аст, ба музояда гузоранд. Акнун раиси маҳалла ва ёвари ҳоким метавонанд амволеро, ки то 5000 метри мураббаъ масоҳат дорад, ба музояда бароранд. Ҳамзамон, 70 фоизи маблағҳои аз фурӯш бадастомада дар ихтиёри маҳалла боқӣ монда, барои такмили инфрасохтор равона карда мешаванд.

Ҳамчунин ба соҳибкорон барои  ба марказҳои муосири хизматрасонӣ  табдил додани биноҳои маҳаллаҳо имкониятҳои иловагӣ дода мешаванд. Масалан, соҳибкороне, ки биноҳо месозанд ва дар ошёнаи якуми он «ҳафтгонаи маҳалла» ҷойгир мешавад, аз пардохти андозҳои замин ва амвол барои се сол дар шаҳрҳо ва ҳафт сол дар деҳот озод карда мешаванд. Илова бар ин, дар ин давра меъёри андоз аз фоида ва гардиш 50 фоиз кам карда мешавад.

Ин механизм ба маҳалла на танҳо мустақилияти ташкилӣ, балки истиқлолияти молиявӣ низ медиҳад. Ин як қадами муҳим барои он аст, ки маҳалла тавонад стратегияи иқтисодии худро таҳия кунад ва масъалаҳои мавҷударо дар маҳал зуд ҳал намояд. Он ки дар деҳот ин имтиёзҳо барои муддати дарозтар дода мешаванд, ба баробарии байни минтақаҳо ва рушди онҳо мусоидат мекунад.

Ҳамчунин дар ҷамъомад Сарвари давлат  зарурати таҳкими минбаъдаи нақши маҳаллаҳоро дар мубориза бо мушкилоте, чун афзудани миқдори ҷудошавии оилаҳо, напардохтани алимент, издивоҷҳои хешутаборӣ ва бармаҳал, таъкид намуд. Вазифаҳо оид ба баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ, ба ҷавонон фаҳмондани аҳамияти муносибати масъулиятнок ба ташкили оила ва бартариҳои бастани шартномаи ақди никоҳ гузошта шуданд.

Тозагӣ ва ободонии маҳалла на танҳо нишондиҳандаи фарҳанги аҳолӣ, балки меъёри асосии баҳогузории фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Бо ин мақсад, дар саросари ҷумҳурӣ моҳи тозагӣ ва тартибот эълон гардид. Ба ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо, муовинони онҳо, инчунин кормандони низоми «ҳафтгонаи маҳалла» барои таъмини тозагӣ ва зиёд намудани минтақаҳои сабз супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар анҷом бояд гуфт, ки маҳалла такягоҳи асосии ҷомеа ва яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Манбаъҳои нави молиявӣ, ислоҳоти низомҳои калидӣ, боло бурдани масъулияти вакилон ва мақомоти маҳаллӣ, инчунин ҳамкории зич бо аҳолӣ онҳоро на танҳо ба маркази ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, балки ба марказҳои соҳибкорӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ табдил медиҳанд. Ин бошад, кафолати рушди устувор ва некӯаҳволии Ӯзбекистони Нав буда, нақши идораи маҳалларо беш аз пеш таҳким мебахшад.

Мавлуда Адҳамҷонова,

аъзои Кумитаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: