Соли равон беш аз 200 хоҷагии фермерии ноҳияи Пахтачӣ дар 7 ҳазору 300 гектар замин пунбадона кишт кардаанд, ки дар 965 гектар бо усули интесив ва 6368 гектараш бо усули анъанавӣ ва хориҷӣ парвариш меёбанд.
Ҳоло ғунучини ҳосил дар авҷ аст. Қариб 70 отряди чинакчиён ва 10 техникаи пуриқтидор аз обу ҳавои мусоид пурсамар истифода мебаранд, ки ҳосили фаровони дилхоҳ зери барфу борон намонад.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев аз пахтазори хоҷагии фермерии «Осиё Пахтачӣ Абдуназар» дидан кард ва бо рафти кор шинос шуд.
– Дар 30 гектар замин навъи «Султон» ва дар боқимонда пунбадонаи Хитой кишт намуда, ба ҳосили фаровон ноил шудем, – гуфт сарвари хоҷагии фермерӣ Абдурашид Абдуназаров, – боиси хушнудист, ки аз навъҳои маҳаллӣ 40-45 сентнерӣ, аз навъи хитоӣ 50 сентнерӣ ҳосил гирифта, ба хирман ирсол намуда, бо чинакчиён бегоҳирӯзӣ ҳисобу китоб мекунем. Барои чинакчиён хӯроки пешин ва чой ташкил шудааст.
Роҳбари вилоят ба хирман барака талабида, таъкид намуд, ки соли оянда низ навъҳои пешпазак ва серҳосил парвариш бояд кард.
Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.