лғор деҳқонзода аст. Вай намояндаи хонадонест, ки гузаштагон, авлоди дирӯзаю имрӯзаашон баҳри ободии диёр, фаровонии мардум хидматҳои арзанда кардаанду мекунанд.
Ҳамон рӯз Илғор дар хоҷагии фермерӣ бо култиватсияи ниҳолҳои пахта банд буд. Ҳаво гарм бошад ҳам, шамоли форам мевазид. Аз мавҷи ниҳолҳои пуравҷи пахта дили ӯ ба ҷӯш меомад. Трактори Илғор гӯё чун киштӣ дар баҳри нопайдоканоре шино мекард. Садои якхелаи он чун суруди форам ба вуҷуди роҳбаладаш ҳузур мебахшид. Тракторчӣ саргарми кор сари қитъа омада қарор гирифтани автомобили роҳбари хоҷагиро надид. Фақат вақте ки фермер рӯбарӯяш сифати култиватсиякунии қаторҳоро аз назар мегузаронд, аз омадани ӯ огоҳ гардид ва тракторро назди вай хомӯш карда ба поён фуромад. Баъди вохӯрӣ ва ҳолпурсӣ хушҳолона ба Илғор рӯ овард сардор:
– Мукофоти давлатӣ муборак бошад!
– Чӣ гуна мукофот? – Илғор ҳайрон шуд.
– Ба муносибати 34-солагии истиқлолияти давлатӣ соҳиби медали «Шуҳрат» гардидед, – мужда расонд роҳбари хоҷагӣ. Вуҷуди тракторчӣ аз ҳаяҷон лабрез гашт. Вай як лаҳза ба гӯшҳояш бовар накарда, пичиррос зад: «раҳмат».
– Ба шумо ҳар гуна мукофот меарзад, ин қадршиносӣ тасодуфӣ нест, эътирофи хидматҳои софдилонаи тӯлонии шумост, – фермер ҳусни таваҷҷуҳи худро нисбати инсони одии хоксор пинҳон накард.
Илғор сари фармони трактор менишасту худро аз ҳарвақта дида сабук, бардам ва хушҳол ҳис мекард. Гӯё вуҷудашро офтобе мунаввар менамуд. Фурсате нагузашта садои телефон диққати ӯро сӯи худ кашид. Ҳокими ноҳия Алишер Файзуллоев низ вайро табрик кард. Бешубҳа, ин лаҳзаҳо барои механизатори пуртаҷриба, тракторчии хоҷагии фермерии «Азим – Шофиркон юлдузи»-и ноҳияи Шофиркон Илғор Ҳайдаров фаромӯшнопазир буданд.
Илғор деҳқонзода аст. Вай намояндаи хонадонест, ки гузаштагон, авлоди дирӯзаю имрӯзаашон баҳри ободии диёр, фаровонии мардум хидматҳои арзанда кардаанду мекунанд. Бобояш Ҳайдар Усмон, падараш Барака Усмон ҳамчун деҳқонони асил, сардори бригадаи пахтакории колхози «1-Май», сонитар совхози пахтакории «Илич», тракторчии моҳири ҳудуди Вардонзе, ҷамоати деҳоти Вардонзеи собиқ ва ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ш.Рашидови имрӯза буданду нафақат байни мардуми ҳудуд, балки дар ноҳия шинохта шуда, ин анъанаро имрӯз фарзандону наберагони онҳо идома медиҳанд. Барака Ҳайдаров ва Умрия Баракаева соҳиби панҷ писару ду духтар буданд. Илғор фарзанди сеюми эшон аст. Аз бачагӣ ба касби падар – тракторронӣ дил баст. Баракабобо бо трактори «Алтай» замин шудгор карда, байни мардум обрӯю эътибор пайдо кард. Дар давраи куҳансолӣ ҳамчун вакили деҳа ва фаъоли маҳалла ба тӯю маърака сарварӣ кардааст. Илғор соли 1986 мактаби миёнаи рақами 20 ба номи Абурайҳон Беруниро хатм карда, таҳсилро дар омӯзишгоҳи касбу ҳунари Бухоро давом дод. Ба хидмати ҳарбӣ рафта, шаш моҳи аввал дар курси идоракунии техникаи ҳарбӣ сабақ омӯхт ва минбаъд чун инструктори техникаи ҳарбӣ хидматашро идома дод. Вақте ки ба зодгоҳ баргашт, аз домани касби падар маҳкам дошт ва то имрӯз вай ҳамчун механизатори моҳир ва пушту паноҳи пахтакорону ғаллакорони хоҷагии фермерии номбурда фаъолияти меҳнатиашро давом медиҳад. Фазилати ба худ хоси И.Ҳайдаров дар он, ки вай ҳамаи намудҳои техникаи кишоварзии замонро кор фармуда метавонад. Ӯ бо тракторҳои гуногунмарка дар ҷараёнҳои пахтакорӣ, ғаллакорӣ, коркарди байни қаторҳо, шудгор, ғалладаравӣ (бо комбайн) ва ғайра иштирок мекунад. Гуфтан ҷоиз аст, ки фаъолияти меҳнатии И.Ҳайдаров дар доираи як хоҷагии фермерӣ маҳдуд намонда, ӯ мувофиқи шартномаи байниҳамдигарӣ дар ҷараёни кори дигар хоҷагиҳои фермерии ноҳия низ фаъолона иштирок менамояд.
– Солҳое буданд, ки дар давоми фаъолияти 37-солаи тракторчигиам сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ намерасид. Бо душворӣ онҳоро дастрас менамудем. Ҳоло бошад, замон дигар шудааст, солҳои охир бо ғамхории давлат ин масъалаҳо ҳалли худро ёфтааст, – мегӯяд вай.
– Рости гап, имрӯз дар мамлакатамон бо ташаббуси сарвари давлат қадру қимати инсон мақоми аввалиндараҷа пайдо кардааст. Чор сол муқаддам сазовори нишони сарисинагии «30-солагии Конститутсияи Ӯзбекистон», ба қарибӣ соҳиби медали «Шуҳрат», инчунин табрикномаи Шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони маҷмӯи агросаноати Ӯзбекистон шудани камина – як тракторчии одии канори дашт магар инро собит намесозад?!
Инсони заҳматкаш И.Ҳайдаров соҳиби оила, фарзандону наберагон аст. Ҳамсари меҳрубонаш Маърифат низ корманди хоҷагии фермерӣ буд, ҳоло нафақахӯр мебошад. Писараш Элёр ва духтараш Мухлиса ҳам соҳаи кишоварзиро интихоб кардаанд. Онҳо бо соҳибони «нони ҳалол» – волидонашон ифтихор доранд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.