Дар шаҳри Фарғона нахустин ҷаласаи Форуми сулҳ таҳти мавзӯи «Водии Фарғона: ҳамбастагӣ барои сулҳ ва рушд» баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш беш аз 300 нафар намояндагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико иштирок карданд.
Чорабинӣ аз ҷониби Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази ислоҳоти пешқадам, САҲА, Маркази сулҳ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин бо дастгирии молии СММ ва Иттиҳоди Аврупо ташкил шудааст.
Директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президент Элдор Арипов, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ширкат ва суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки нахустин Форуми сулҳ барои ба сатҳи нав баровардани дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо ҳамчун платформаи муҳим хидмат хоҳад кард. Он ифодаи амалии сиёсати Президент Шавкат Мирзиёев барои табдил додани Осиёи Марказӣ ба минтақаи сулҳ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ мебошад.
Дар ҳамоиш намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Ойбек Шаменов, раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бобур Усмонов, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе, намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои дипломатӣ дар Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс, муовини Дабири кулли СҲШ Сухел Хон ва дигарон иштирок карданд.
Иштирокчиёни ин нишасти бонуфуз қабл аз ҷаласа дар ноҳияи Риштон бо ҳунари кулолони он аз наздик ошно шуданд. Устои моҳир Шокирҷон Аҳмадҷонов ба меҳмонон дар бораи намунаҳои нодири кулолӣ, нақшҳои нодири маснуот, ҳамоҳангии рангҳо ва анъанаҳои миллии тавассути онҳо ифодаёфта маълумот дод.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.