Мавқеи Синтоб рӯз ба рӯз меафзояд

Деҳаи сайёҳии Синтоби ноҳияи Нурато торафт миқдори зиёди сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб месозад.

Шуҳрати деҳаро ҳавои тоза, манзараҳои ҷолиби та-биӣ, ёдгориҳои таърихӣ, анъана ва урфу одатҳои аҳо-лии он ва ҳаёти хоҷагии қишлоқ боло мебаранд.

Синтоб расман мақоми деҳаи сайёҳиро гирифтааст. Ин мақом бо қарори Девони Вазирон аз 10 июли соли 2020 ва Фармони Президенти Ӯзбекистон аз 28 январи соли 2022 амалӣ гардид.

Бояд таъкид кард, ки баъд аз мақоми сайёҳӣ гирифтани деҳаи Синтоб беш аз 200 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гардида, зиёда аз 30 иншооти соҳибкорӣ фаъол шуданд. Ба деҳа мунтазам сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ аз Англия, Фаронса, Австрия, Русия ва дигар кишварҳо ташриф меоваранд.

Ҳоли ҳозир 35 оила хонаҳои меҳмонқабулкунӣ кушодаанд, 3 ҳостел фаъолият дорад. Дар онҳо ба сайёҳон беш аз 15 намуди хидмат пешкаш мешавад. Роҳҳои деҳа мумфарш карда, дар роҳи асосӣ чароғҳои барқӣ гузошта шудаанд.

Ба қарибӣ барои боз ҳам инкишоф додани сайёҳӣ дар деҳа бо иштироки блогерҳо ва хабарнигорони расонаҳои ахбори оммавии дохиливу хориҷӣ пресс-тур баргузор гардид. Манзараҳои дилчаспи деҳа, урфу одатҳои ғании мардум, тарзи зиндагӣ ва намудҳои фаъолияти аҳолӣ, ёдгориҳои таърихиву навгониҳои маҳалла аккосӣ шуданд. Ҳозирин бо вазъи экологӣ, ҳунар ва таомҳои миллии синтобиён аз наздик шинос гардиданд.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: