Дар маҷлисгоҳи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ёдбуди доктори фанҳои филологӣ, профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ баргузор гардид.
Агар ӯ дар қайди ҳаёт мебуд, 4 октябри соли равон 90-ро пур мекард.
Мавсуф ба идораи рӯзномаи мо аз наздик ҳамкорӣ дошт. Дар қатори дигар нашрҳо мақолаҳои илмӣ-адабиётшиносиашро ба «Овози тоҷик» меовард. Дар шабнишинии ҷашнӣ-хотиравӣ баробари адабиётшиносону мунаққидон, шогирдону ҳамкорон ва хешу пайвандони устод Ҳомидӣ ходимони рӯзномае ҳам иштирок карданд, ки солҳои дароз инҷониб ба вай қаробату ҳамкорӣ доштанд.
Ҳамидҷон Ҳомидӣ зодаи шаҳри Косонсойи вилояти Намангон буда, баъди хатми мактаби миёна муддате дар матбаа ба сифати ҳуруфчин ва дар рӯзномаи шаҳрӣ ҳамчун котиби масъул кор кардааст. Баъд ба Тошканд омад. Солҳои 1956-1961 дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ таҳсил намуд. Соли 1967 дар мавзӯи «Бобати як тарҷумаи «Шоҳнома» ба забони ӯзбекӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Соли 1991 таҳти мавзӯи «Фирдавсӣ ва адабиёти ӯзбек» диссертатсияи докторӣ ҳимоя кард.
Дар давоми фаъолияти илмӣ-педагогии худ вай «Сарояндаи гуманизм», «Қасри шеърии ҷовидон», «Таровати бӯстони ҳамешабаҳор», «Шуҳрати «Шоҳнома», «Сабақи аҷдод – чархи ақл», «Абармардони Шарқи куҳан», «Машриқзамин – бӯстони ҳикмат» (ҳаммуаллиф), «Таърихи Косон» (ҳаммуаллиф), «Аз Авесто – ба «Шоҳнома», «Давраи доҳиён» барин наздик сӣ китоб чоп кунонд.
Дар як қатор маҷмӯаву маҷаллаҳои илмӣ ва матбуоти даврӣ бештар аз 500 мақолаи ин донишманд эълон гардидааст. Қисмате аз навиштаҳои ӯ тавассути нашр ва қомусҳои Теҳрон, Боку, Алмаато, Душанбе, Хуҷанд низ рӯйи чоп дидаанд.
Устод Ҳомидӣ чун матншинос (манбаъшинос) ҳам хидмати сазовор кардааст. Бо эҳтимоми ӯ «Доробнома», «Шоҳнома»-и шоҳ Ҳиҷрон», «Барзӯнома», «Динкарт», «Тазкират-ул-авлиё»-и туркӣ», «Пандномаи Мотурудӣ» барин сарчашмаҳо бо хати сирилик дар шакли китоб ба дасти хонанда расиданд.
Профессор Ҳомидӣ ба зиёда аз 30 диссертатсияи номзадиву докторӣ оппонентӣ кардааст. Бештар аз 10 нафар ҷавонони адабиётшинос ва манбаъшинос таҳти сарпарастии ӯ корҳои илмӣ ҳимоя кардаанд.
Мавсуф чун мутарҷим низ шинохта шуда буд. Аз ҷумла, «Одамони куҳна», «Тири хокхӯрда» (Фазлиддин Муҳаммадиев), «Исёни Муқаннаъ», «Ятим» (Садриддин Айнӣ) ва баёни насрии «Шоҳнома» (Сотим Улуғзода)-ро аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ баргардондааст.
Дар маҷлиси ёдбуд ҳамкорону шогирдони Ҳамидҷонака Инъомҷон Азимов, Зоҳидҷон Содиқов, Шуҳрат Ҷабборов, Адҳамҷон Аширов, Комилҷон Абдуллоев, Нусратулло Ҷумъахоҷа, ҳамчунин ройзани фарҳангии сафоратхонаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ӯзбекистон Амир Саид Карамӣ баромад намуданд. Таъкид ёфт, зикршуда дар баробари педагоги хушсалиқа, донишманди маъруфи адабиётшиносӣ будан инсони хуб ва шогирдпарвар буд. Даҳҳо шогирдонаш имрӯз дар муассисаҳои таълими олӣ ва пажӯҳишгоҳҳо фаъолияти мондагори ӯро давом медиҳанд.
Ҳ.Ҳомидӣ соли 1991 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуда буд. Хидматҳои шоёнаш бо ордени «Дӯстлик», нишонҳои сарисинагии «Мустақилликнинг 15 йиллиги», «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» ва якчанд ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Номбурда чандин сол сарпарасти бахши тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон низ буд.
Дар маҷлиси ёдбуд таъкид ёфт мероси илмию адабии олими сермаҳсул ба ҳаёти маънавиаш идома мебахшад.
М. ШОДИЕВ.