Ба рӯзнома ва китобҳои рангашон парида дилам месӯзад

Аз дидани ин китобҳое, ки касе ҳанӯз ба даст нагирифта буду аз онҳо бӯйи матбаа меомад, ашк дар чашмонам чарх зад. Онҳо китобҳои кӯҳнаи дар даврони Шӯро чопшуда не, балки китобҳои дарсии тару тозаи ба забони давлатӣ нашргардида буданд.

 

Рӯзе гузорам ба корхонаи коғазсупории ноҳияи Деҳнав афтод. Дукончаи хурди ашёҳои мактабӣ ва китобҳои тоҷикӣ дорам. Коғазу картонҳои ғуншударо ба ҳамин корхона месупорам. Боре баҳри дастгоҳҳои корхонаро тамошо кардан ба коргоҳ даромадам. Аз дар даромадаму чашмам ба бастаи китобҳое афтод, ки ҳанӯз накушода ва нав буданд.

Аз дидани ин китобҳое, ки касе ҳанӯз ба даст нагирифта буду аз онҳо бӯйи матбаа меомад, ашк дар чашмонам чарх зад. Онҳо китобҳои кӯҳнаи дар даврони Шӯро чопшуда не, балки китобҳои дарсии тару тозаи ба забони давлатӣ нашргардида буданд. Дилам ба меҳнати китобнавису китобчопкунҳо сӯхт, ҳайфи заҳматҳо!

Охири солҳои шастуми асри гузашта ҳанӯз кӯдак будам, мактаб намерафтам. Мавзеи Кенгузар, ки ибтидои деҳа ҳисоб мешуд, ҳоло хеле васеъ шудааст. Дар ҳамин ҷо мактабхонае буд, ки аз нигоҳи имрӯз ба анборхона шабоҳат дошт. Бомаш ба лой пӯшондашуда буду дар мобайн сутунҳо дошт. Гирдогирд партаҳои сиёҳ монда буданд. Бародаронам инҷо мехонданд. Заминаш хокӣ ва ноҳамвор буд. Ҳоло ҷойи ин мактаб ҳавлии амаки Мулло Гулбой Холов ва писарашон Ҳоҷӣ Садриддин аст. Дар рӯ ба рӯйи мактаб як китобхона буд. Вай хонаи айвондори бо оҳак сафедкарда буд ва ба чашми мо – кӯдакони он замон, чун қасри шоҳона метофт.  Дар ҷойи китобхонае, ки дар боло сухан рафт, ҳоло ҳавлии амаки Аҳрориддин ва фарзандонашон ҷойгир аст.

Он солҳо мактаби ҳозираи деҳаро сохта буданд. Модаркалонам дар мактаби нав фаррошӣ мекарданд. Ман ҳамроҳи аммаҳоям ба кӯчондани ин китобхона ёрӣ расондам. Китобдор ҷавонзани зебову чолок – холаи Асмо буданд. Ин кас ҳоло дар қайди ҳаётанд. Китобҳоро дар пешгоҳи даҳлези мактаби нав, ки бо тахта ҷудо карда хоначае сохта буданд, гузоштанд.

Меҳри ман ба китобхонӣ шояд аз ҳамин ҷо сар шуда буд, ки то мактабхон шудан равон хонданро ёд гирифтам, ба китоб меҳр бастам. Дар синфи чорум мехондем, ҳамсинфам – Тӯйчӣ Ҳидоятов як китоби бадеиро ба мактаб овард. Он китоби аз китобхонаи тағояш, муаллими ҳамин мактаб Абдукарим Раҳимов буд. Асари адиби Ҳиндро ба тоҷикӣ хуб тарҷима карда буданд. Номи қаҳрамонҳояш душвор буд. Номи китоб ва нависандаи онро дар ёд надорам. Онро хонда маънояшро ба ҳамсинфонам нақл мекардам. Китоби дигар қиссаи Юсуф Акобиров «Осмони соф» буд. Онро бо завқ мехондам, тақдири Ашрафу Гулнора чӣ мешуда бошад, гуфта, фикр мекардам, мехостам зудтар донам.

Баъзан шабона дар деҳа барқ хомӯш мешуд. Китобро болои бом дар равшании моҳи пурра мехондам.

Боре муаллими таърихи мактабамон шодравон Раҳматулло Шукуров ба синф даромада, китоби ғафси ҷилдаш кабуди сиёҳрангро нишон дода гуфтанд: «Бачаҳо, кӣ китоб мехонад?» Ҳама аз ғафсии китоб ҳайратзада будем. Ин гуна китоби ғафсро бори аввал медидем. Ин китоб асари Павел Лукнитский «Нисо» буд. Муаллим нақл карданд, ки он дар бораи духтараки кӯҳистонии Помир аст. Ман  китобро гирифтам. Ин асар пурра ба ҳаёти мардуми Бадахшони Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар бораи ибтидои ҳокимияти Шӯроҳо ва босмачигарӣ, зиндагии сахти занону духтарони кӯҳистони тоҷик нақл мекард.

Ҳоло сафи китобхонҳо хеле кам мешавад. Ҳастанд нафароне, ки калонсоланду китоб мехонанд. Баъзан омӯзгорон ё падару модаронро ҷалб карданӣ шавед, мегӯянд: «Ҳозир кӣ китоб мехонад?» Одам аз гуфтааш хиҷолат мекашад, пушаймон мешавад. Ман аз аввали солҳои ҳафтод инҷониб китобу маҷалла, рӯзномаҳоро нигоҳ медорам, зеро дилам намешавад, ки партоям. Умед мекунам, шояд китобхоне ёфт шаваду хонад. Умр мегузарад, вале дилам аз ин китобу рӯзномаҳои рангашон бо мурури замон зардгашта ҷудоӣ надорад!

Оре:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Бувад бемузду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳар дам кушоде.

Дилором Бобоёрова,

сокини маҳаллаи Нурободи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: