Забони давлатӣ ва забонҳои миллӣ

Онҳое, ки дар замони шӯравӣ умр ба сар бурдаанд, медонанд, ки забонҳои миллӣ дар чӣ вазъ қарор доштанд. Фикр мекунам, доираи истифодаи онҳо хеле танг шуда буд. Аз ҷумла, забонҳои тоҷикиву ӯзбекиро ба минбарҳои расмӣ роҳ намедоданд.

«Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забон, урфу одат ва анъанаҳои миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди он умр ба сар мебаранд, арҷ мегузорад ва ба рушди онҳо шароит фароҳам меоварад».

Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моддаи 4.

Онҳое, ки дар замони шӯравӣ умр ба сар бурдаанд, медонанд, ки забонҳои миллӣ дар чӣ вазъ қарор доштанд. Фикр мекунам, доираи истифодаи онҳо хеле танг шуда буд. Аз ҷумла, забонҳои тоҷикиву ӯзбекиро ба минбарҳои расмӣ роҳ намедоданд. Роҳбарони давлат дар маҷлису анҷуманҳои ватанӣ ба забони русӣ ҳарф мезаданд. Дар мактабҳои миллӣ рӯзу ҳафтаҳои забони русӣ ҷорӣ шуда буд, соатҳои таълими забони русӣ, нисбат ба соатҳои таълими забонҳои миллӣ, зиёд буд. Яъне явош-явош роҳ ба сӯйи якзабонӣ боз мегардид...

Ин аст, ки адибони саршиноси он аҳд Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов, Эркин Воҳидов, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Абдулло Орипов ва дигарон (Худо раҳмат карда бошад) ба мавзӯъҳои миллӣ-озодихоҳӣ рӯ оварданд. Аз ҷумла, шеъри пурмуҳтавои устод Эркин Воҳидов «Она тилим ӯлмайди» («Забони модариам намемирад») дар байни қавми ӯзбек маҳбубият пайдо кард. Ин шеърро устод Лоиқ Шералӣ бо маҳорати баланд ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума кард. Як силсила шеърҳои ба бузургдошти забони модарӣ бахшидаи устод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон вокунише (аксуламал) дар роҳи тангкунии забонҳои миллӣ буд...

Бо марҳамати Худо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пасу пеш забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикию ӯзбекӣ, мақоми давлатӣ гирифтанд. Забони давлатии Ӯзбекистон (забони ӯзбекӣ) пас аз муҳокимарониҳои тӯлонӣ 21 октябри соли 1989 ба тасвиб расид ва бинобар каму костиҳои ҷузъӣ, 3 декабри соли 2020 бо таҳрири нав қабул карда шуд.

Дар моддаи якуми Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» омадааст: «Забони давлатии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад». Ин маънои онро дорад, ки тамоми коргузориҳои расмӣ бо ин забон сурат гирифта, маҷлисҳои давлатӣ бо ин забон баргузор мешаванд. Инак, тӯли чанд сол аст, ки тамоми коргузорӣ ва маҷлисҳо ба забони давлатӣ амалӣ мегардад. Ба онҳое, ки ба забони давлатӣ балад нестанд, ин забон ройгон омӯзонида мешавад. Шаҳрвандони ғайриӯзбек амиқ дарк намудаанд, ки забони давлатиро бояд дар сатҳи муомила балад бошанд. Кош, амиқ дарк мекарданд, ки дар сатҳи баланд донистани забони модарӣ низ барои ризояи Худо ва модар ҳатмист. Тибқи қонуни мазкур интихоби забони байнимиллӣ бино ба салоҳдиди шаҳрвандон аст.

Бояд таъкид кард, ки тибқи таҳрири нави Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» то ҷое барои ҳифз ва рушди забонҳои миллӣ, аз ҷумла, забони форсии тоҷикӣ имконият фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 4-уми таҳрири нави Қонун омадааст: «Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳрвандон барои омӯхтани забони давлатӣ ва эҳтирому рушди забони миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди он ба сар мебаранд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад».

Ба ҷуз ин, тибқи таҳрири нав миллатҳои маскуни Ӯзбекистон дар мавзеъҳое, ки зич истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки шиору овезаҳоро ба забони модарии худ навишта, дар ҷойҳои ба назар намоён насб намоянд, забони таълими кӯдакистон, мактабҳои миёна ва муассисаҳои таълими олиро ба забони модарии худ роҳандозӣ кунанд, маҷлисҳоро бо забони модарии худ баргузор намоянд...

Бояд гуфт, ки пояи амали ин моддаҳои Қонун суст аст. Дар мавзеъҳое, ки қавмҳои ғайриӯзбек зич истиқомат мекунанд, шиору деворовезаҳо на дар ҳама ҷо ба забони онҳо ба назар мерасад, кӯдакистонҳои тоҷикӣ қариб вуҷуд надоранд, маҷлису ҷамъомадҳо ба забони модарии онҳо амалӣ намешавад, ғамхорӣ ба мактабу маорифи ақаллиятҳои миллӣ табъи дил нест, дар барномаҳои таълимӣ ба омӯхтани забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ, соати кам ҷудо шудааст. Ҳол он ки миллатҳои ғайр дур аз муҳити парвариши забони модариашон умр ба сар мебаранд. Бинобар ин, фикр мекунам, дар барномаҳои таълимӣ ба таълими забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ, бояд вақти зиёд ҷудо карда шавад. Ҳокимиятҳои маҳаллӣ бояд ин ҷиҳати Қонуни забони давлатиро ба назари эътибор гиранд.

Як падида боиси шукргузориҳост. Дар мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен, ки қариб якуним ҳазор хонанда дорад, шиору овезаҳо, агар кабинету даҳлези забони давлатиро сарфи назар намоем, куллан ба забони форсии тоҷикианд. Роҳбари мактаб Зебо Маҳкамова забони меъёри тоҷикиро риоя менамояд ва аз омӯзгорон низ талаб мекунад, ки бо забони меъёри форсии тоҷикӣ ба хонандагон дарс гӯянд.

Дар мактаб шурӯъ аз синфи 2 то 11 ҳафтае ду соат забони давлатӣ омӯзонда мешавад. Хонандагон забони давлатиро хуб медонанд. Кош, дар ҳамаи гурӯҳу мактабҳои тоҷикӣ чунин муҳит будӣ. Зеро, ба қавли шоире:

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Фикр мекунам, Вазорати таълими мактабӣ ва томактабии ҷумҳурӣ, шуъбаҳои таълими вилоятиву ноҳиявӣ, қабл аз ҳама роҳбарону омӯзгорон бояд барои фароҳам овардани муҳити созгори парвариши забони меъёр дар мактабҳои миллӣ, аз ҷумла мактабҳои тоҷикӣ, саҳм гузоранд. Зеро забон калидест, ки бо он дари ҳамаи фанҳоро метавон боз кард. Шоири хирадманде фармудааст:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забонаш осон гардад.

Тибқи қонуну асноди Созмони Милали Муттаҳид дар бораи миллатҳои таҳҷоӣ ба қавмҳои бумии кишварҳои дунё кафолату имкониятҳои зиёд дода шудааст. Вале қонунҳои фаъоли мо ба рушди забон, фарҳанг ва мактабу маорифи қавмҳои маскуни кишвар ба таври умумӣ кафолат медиҳанд, яъне дар онҳо доир ба қавмҳои таҳҷоӣ ишорае ба назар намерасад. Ҳол он ки тоҷикон қавми таҳҷоии кишвар маҳсуб мешаванд, аз нигоҳи нуфус дар мамлакат дар ҷойи дуюм қарор доранд ва таърихан забони онҳо дар ин ҳудуд то охири садаи ХХ, гоҳе куллан, гоҳе қисман забони коргузорӣ ва илму адаб будааст. Дар ин хусус метавон далелҳои зиёд овард, вале сухан ба дарозо мекашад.

Як ҳодисаи марбут ба таълими забони меъёр дар мактабҳои тоҷикӣ (шояд дар дигар мактабҳои миллӣ низ чунин бошад) нигаронкунанда аст. Ба насли ҷавон 10 сол аз забон таълим дода мешавад. Вале натиҷа қаноатбахш нест. Аксарияти хатмкунандагон дар доираи забони меъёр ба сари худ забонхат, тарҷумаи ҳол, ариза, нақли хаттӣ навишта наметавонанд...

Умед аст, ки дар Ӯзбекистони Нав баробари забони давлатӣ, забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони меъёри форсии тоҷикӣ низ, рушд мекунад.

А. Субҳонов.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: