Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи забони давлатӣ

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо мақсади истифодаи комил ва самараноки имкониятҳои забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, такмил додани низоми омӯзиши забони ӯзбекӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи покизагии он ва ғанисозии минбаъда, таъмини ҳамгироии фаъол ба технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин густариши нақш ва мақоми забони ӯзбекӣ дар сатҳи байналмилалӣ, қарор мекунам:

 I. Мақсадҳои асосӣ

1. Мақсадҳои асосии рушди минбаъдаи забони давлатӣ инҳо муайян карда шаванд:

а) муваффақ шудан ба  истифодаи пурра ва самараноки имкониятҳои забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ;

б) такмили минбаъдаи низоми таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани мақоми он ҳамчун забони илм;

в) ҳифзи покизагии забони давлатӣ ва пуррагардонии мунтазами захираи луғавии он;

г) таъмин намудани ҳамгироии фаъолонаи забони давлатӣ ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ин самт;

д) баланд бардоштани нақш ва мақоми забони давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои хориҷӣ;

ж) фароҳам овардани шароити мусоид барои забони давлатиро омӯхтани намояндагони ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд, инчунин ҳамватанони бурунмарзӣ.

 II. Муваффақ шудан ба истифодаи самараноки имкониятҳои забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ

2. Барномаи татбиқ намудани Консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забонҳо барои солҳои 2020-2030 дар солҳои 2025-2026 мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.

3. Аз 1 январи соли 2026 дар дастгоҳҳои марказии мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагии сатҳи ҷумҳуриявӣ, инчунин дар Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ноҳияҳо (шаҳрҳо) вазифаи мушовири роҳбар оид ба масоили маънавият ва забони давлатӣ дар доираи шумораи умумии кормандони роҳбарикунанда ҷорӣ карда шавад.

4. Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ якҷоя бо Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия аз соли 2026 сар карда:

а) ба таври даврӣ насли нави китобҳои дарсӣ оид ба омӯзиши забони ӯзбекӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаро, ки дар онҳо таълим ба забонҳои бародарӣ амалӣ мешавад, таҳия намоянд;

б) дастурҳои методӣ барои омӯзгорон оид ба таълими забони ӯзбекӣ дар ташкилотҳои таълими томактабӣ таҳия кунанд;

в) барои кӯдакони синни томактабӣ китоби тасвирии луғати «Менинг илк изоҳли луғатчам» («Нахустин луғати эзоҳии ман») таҳия намоянд;

г) офариниши маводи муосири аудио ва аниматсионии таълимӣ оид ба омӯзиши забони ӯзбекӣ барои кӯдаконро ба роҳ монанд.

5. Академияи илмҳо:

 а) то 1 июни соли 2026 ба Девони Вазирон лоиҳаи санади меъёрӣ-ҳуқуқиро дар бораи таҳия ва нашри «Ӯзбекистон миллий қомуси» («Энсиклопедияи миллии Ӯзбекистон») дар шакли электронӣ тақдим намояд;

б) то 1 декабри соли 2026 омодасозӣ ва нашри китоби «Она тили. Қомус» («Забони модарӣ. Энсиклопедия»)-ро таъмин намояд.

6. Дар самти таъмини ҳамгироии фаъоли забони давлатӣ ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ:

   а) Вазорати технологияҳои рақамӣ, Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, Академияи илмҳо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор то 1 майи соли 2026 ба Девони Вазирон лоиҳаи ҳуҷҷати меъёрӣ-ҳуқуқиро оид ба таҳияи платформаи дастгирии забони ӯзбекӣ тавассути зеҳни сунъӣ пешниҳод намоянд;

   б) Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия то 1 декабри соли 2025 озмунро барои лоиҳаи илмии таҳияи платформаи электронӣ эълон намояд, ки он бояд инҳоро дар бар гирад:

   i) сабти пешниҳод, андеша ва тавсияҳое, ки дар рафти муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба истилоҳоти нав баён мегарданд;

   ii) ҷорӣ кардани реестри  электронӣ, ки калима ва истилоҳоти тасдиқшудаи навро инъикос мекунанд;

   iii) интихоб ва истифодаи луғатҳои соҳавӣ, тавзеҳӣ ва имлои ба забони ӯзбекӣ нашршуда.

 III. Ҳифзи покизагии забони давлатӣ, ғанисозӣ ва ҳамчун забони илму фан баланд бардоштани мақоми он.

7. Ҳамасола моҳи октябр чорабиниҳои зерин амалӣ карда шаванд:

а) Академияи илмҳо, Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ва Фонди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирон бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мақоми байналмилалии забони ӯзбекӣ миёни забонҳои ҷаҳон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро баргузор намоянд;

б) Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия дар сатҳи баланд миёни донишҷӯёни хориҷие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил мекунанд, чунин чорабиниҳоро ташкил намояд:

i) олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба забони ӯзбекӣ;

ii) озмун-азназаргузаронии «Ӯзбек тили – қалбим таржимони» («Забони ӯзбекӣ – тарҷумони дили ман»);

в) Фонди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирон, Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади дастгирии корҳои беҳтарини илмӣ, эҷодӣ ва амалии марбут ба рушди забони ӯзбекӣ озмуни «Жонажон ӯзбек тилим» («Забони азизу ӯзбекии ман»)-ро баргузор намоянд;

г) Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Агентии кор бо ҷавонон, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо вазорату идораҳо лоиҳаи диктанти умумимиллиро;

д) Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин вазорату идораҳо бахшида ба 21 октябр – Рӯзи иди забони ӯзбекӣ чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, адабӣ, муаррифии китобҳои навро;

ж) Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ:

i) байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ озмуни иншоҳоро оид ба мавзӯи забони ӯзбекӣ;

ii) озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими беҳтарини сол оид ба забони ӯзбекӣ”-ро миёни омӯзгорони забони ӯзбекӣ баргузор намоянд.

8. Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ якҷоя бо Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ва Фонди ҷамъиятии «Ватандошлар» ҳар сол Олимпиадаи байналмилалии забони ӯзбекӣ ба номи Алишер Навоиро ташкил намоянд.

Ҳамзамон, ғолибони олимпиада берун аз меъёри умумии қабул бо тартиби муқарраргардида, ба самти “Филология ва омӯзиши забонҳо: забон ва адабиёти ӯзбекӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ бо гранти давлатӣ қабул карда шаванд.

9. Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия дар Маркази омӯзиши асосҳои корҳои идорӣ ба забони давлатӣ ва такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбекии Тошканд ба номи Алишер Навоӣ, инчунин дар филиалҳои он дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо барои донишҷӯёни хориҷие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари мо таҳсил мекунанд ва хоҳиши омӯзиши забони ӯзбекиро доранд, аз ҳисоби маблағи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд курсҳои ройгони омӯзиши забони ӯзбекиро ташкил намояд.

10. Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ вазифадор карда мешавад:

    а) дар давоми соли 2026 курсҳои омӯзиши забони ӯзбекӣ барои намояндагони марказҳои фарҳангии миллии амалкунанда дар кишвари моро бо истифода аз маблағи худӣ ва маблағҳои Фонди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирон васеъ намояд;

    б) якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Фонди ҷамъиятии “Ватандошлар”, инчунин бо вазорату идораҳои дахлдор — оид ба мусоидат  аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҷамъиятии “Ватандошлар”  барои таъсиси марказҳои таълимӣ дар назди ташкилотҳои диаспораҳои ӯзбекӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ки ба омӯзиши забони ӯзбекӣ ба кӯдакони ҳамватанон ихтисос доранд ва таъмин намудани онҳо бо дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва адабиёти зарурӣ, чораҳо андешад.

11. Агентии кор бо ҷавонон дар муҳлати се моҳ якҷоя бо лоиҳаи «Ибрат фарзандлари» модули алоҳидаро оид ба омӯзиши забони ӯзбекӣ бо истифодаи зеҳни сунъӣ бо мақсади омӯзиши забони ӯзбекӣ ба намояндагони миллатҳои дигар, кӯдакони ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши омӯзиши забони ӯзбекӣ доранд, ба роҳ монад. Хароҷот барои сохтани модул аз ҳисоби Фонди дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда шавад.

 IV. Ташкил, таъмин ва назорати иҷрои қарори мазкур

12. Вазорати адлия дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирон оид ба тағйирот ва иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки аз ин қарор бармеоянд, пешниҳодҳо ворид намояд.

13. Барои ташкили самараноки иҷрои қарори мазкур сарони вазорату идораҳо, инчунин Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд чун масъул ва ҷавобгари шахсӣ муайян гарданд.

14. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон             Ш. Мирзиёев

Шаҳри Тошканд,

20 октябри соли 2025.

 

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: