Ҷашнвораи «Ҷилои қолинҳо» дар маҷмааи Ардаи Хива

Дар маҷмааи Арда Хива маросими ифтитоҳи ҷашнвораи бошукӯҳи «Ҷилои қолинҳо» баргузор шуд. Ин чорабинӣ аз тарафи иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Ҳунарманд», Кумитаи туризм ва ҳокимияти вилояти Хоразм ташкил карда шуд ва мақоми байналмилалиро касб намуд.

Тавре ки дастандаркорон таъкид карданд, ҷашнвораи қолинҳо пеш аз ҳама таъмин намудани фармони Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораву тадбирҳои рушди ҳунармандӣ ва пуштибонии ҳамаҷонибаи ҳунармандон» аз 28 январи соли 2022 ва қарори Девони Вазирон аз 12 майи соли 2023 «Дар бораи чораву тадбирҳои рушди санъати қолинбофӣ»-ро дар меҳвари худ қарор додааст.

Дар доираи он аввал таҳти унвони «Анъанаҳои қолинбофии миллӣ ва тамоюлҳои рушди имрӯза» конфронси илмӣ-амалӣ сурат гирифт. Дар он намояндагони соҳа аз минтақаҳои мухталифи кишвар, инчунин Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон ширкат карданд. Академик Акбар Ҳакимов, раиси иттиҳодияи «Ҳунарманд» Расулҷон Мирзоаҳмедов, коршинос аз вилояти Суғди Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ёқубов, қолинбофи маъруф Илҳом Давлетов ва дигарон дар мавзӯъҳои санъати қолинбофӣ ва гузаштаву дурнамои он, анъанаҳо ва инноватсияҳо маърӯзаҳо карданд. Дар он таҷрибаҳои беҳтарини соҳа, технологияҳои рангҳои табиӣ, имкониятҳои содирот ва тамоюлҳои нави қолинбофӣ баррасӣ гардиданд.

Баъд намоишгоҳи маҳсули дасти қолинбофони ватанӣ ва хориҷӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Ин намоишгоҳ зери гунбази хоси маҷмааи Арда Хива таҳти унвони «Таърихи дар қолинҳо аксёфта» баргузор гардид. Дар он аз Эрону Афғонистон, Тоҷикистону Озарбойҷон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон низ қолинбофон бо қолинҳои абрешимии рангорангу назаррабои худ ширкат намуданд.

– Намоишгоҳи байналмилалӣ, ки бори нахуст бо ташаббуси Сарвари давлат дар кишварамон роҳандозӣ шудааст, ба ҳифзи суннатҳои қолинбофӣ ва нассоҷии миллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири тарҳрезӣ ва истеҳсолӣ, дастгирии кори ҳунармандон ва рушди қолинбофӣ дар ҳамоҳангӣ бо сайёҳӣ равона шудааст. Дар чорабинӣ санъати қолинбофӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи мероси миллӣ, анъанаҳои меҳнатӣ ва фарҳанги бадеӣ ба оммаи васеъ намоиш дода мешавад, – гуфт раиси иттиҳодияи «Ҳунарманд» Р. Мирзоаҳмедов. – Қолинбофии Хоразм таърихи чандинасра дорад ва маҳз барои ҳамин Арда Хива ҷойи баргузории ҷашнвораи мазкур интихоб гардид. Бозёфтҳои археологӣ мавҷудияти намунаҳои қолинро, ки ба ҳазораи 1-уми пеш аз милод тааллуқ доранд, тасдиқ мекунанд.

Дарвоқеъ, дар айни ҳол дар вилояти Хоразм беш аз 500 нафар ҳунармандон машғули саноеъи дастӣ мебошанд, ки ғайр аз дохили кишвар дар Туркия, Қатар, АМА, Русия ва мамлакатҳои дигар талабгорони зиёд пайдо намудааст. 

– Таҳқиқот маълум намудааст, ки мактабҳои қолинбофии Хоразм бо нақшҳои накӯ ва муфассали худ фарқ мекунанд. Ҳунармандони Самарқандӣ дар қолинбофии абрешимӣ бартарӣ доштаанд. Мактабҳои Бухоро ва Қашқадарё анъанаҳои қолинбофии миллиро бой гардонидаанд, – мегӯяд академики Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон Акбар Ҳакимов.

Тамошо аз ҷараёни бофтани қолинҳое, ки бо тарзи анъанавӣ ва замонавӣ ба вуҷуд меоянд,  инчунин аз назар гузаронидани ашёҳои аз абрешими табиӣ ва пашм омодашуда дар меҳмонон таассуроти амиқ боқӣ гузошт. Интизор меравад, ки дар ин маврид миёни соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ ҳамкориҳо низ ба роҳ монда мешаванд. Зеро имзои як қатор шартномаҳо ва Ёддошти тафоҳум аз ин шаҳодат хоҳанд дод.

Тамошои мамнӯъгоҳи давлатии «Ичан-қалъа», боздид аз устохонаҳо, машғулиятҳои амалӣ ва экспонатҳои қолинбофӣ низ барои меҳмонон мояи бардоштани таассуроти амиқ гардид.

Дар поёни рӯзи дувуми ҷашнвораи байналмилалии «Ҷилои қолинҳо» аз рӯи се номинатсия ғолибон муайян шуданд. Аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин қолинбоф»  ҷойи 1-ум насиби Мадраҳим Маткаримов (Ӯзбекистон), ду ҷойи 2-юм насиби Улуғбек Қосимов (Ӯзбекистон) ва Примқул Сатторқулов (Тоҷикистон) ва ҷойи 3-юм насиби Ойбек Мингбоев (Ӯзбекистон) гардид.

Ғолибони номинатсияи «Ҳунарманди ҷавон» Афсодиқ Сулаймонов (Озарбойҷон), Сапарбай Аклу (Қазоқистон) ва Чинора Голова (Қирғизистон) дониста шуданд. Аз  рӯйи номинатсияи «Устоде, ки намуди бостонии қолинбофиро барқарор кардааст, ҷойи якумро Илҳом Давлетов (Ӯзбекистон), ҷойи 2-юмро Баянхон Тешабоева (Қирғизистон) ва ҷои 3-юмро Олтиной Наубетова (Ӯзбекистон) ишғол карданд. Ба ҳамаи ғолибон сертификат ва мукофотҳои қиматбаҳо супурда шуд.

Чорабиниҳои фарҳангии ҷашвнораи байналмилалии «Ҷилои қолинҳо»-ро баромади дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хоразм шукӯҳи тоза бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ХОРАЗМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: