Ҷалби рекордии сайёҳон ва густариши имкониятҳо

Рӯзи сешанбе дар павилони сеюми «Ӯзэкспомарказ»-и шаҳри Тошканд Намоишгоҳи дувуми байналмилалии «HORECA EXPO UZBEKISTAN – 2025» ифтитоҳ ёфт, ки то 23 октябр идома хоҳад кард.

Ин чорабинӣ масъалаҳои сармоягузорӣ барои фароҳам овардани хидматҳои бароҳат ва баландсифатро дар меҳвари худ қарор додааст. Ташкилкунандагони намоишгоҳ Кумитаи туризми Вазорати муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экология ва Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳои Ӯзбекистон мебошанд.

Кишвари мо ба тирамоҳи соли 2025 бо нишондиҳандаҳои рекордӣ қадам гузошт. Дар нӯҳ моҳи соли равон теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба 8,6 миллион нафар расид, ки нисбат ба давраи мутаносиби соли гузашта 112,5 фоиз зиёд мебошад. Чунин суръати рушди сайёҳӣ дар байни кишварҳои минтақа далели он аст, ки Ӯзбекистон тадриҷан ба яке аз марказҳои нави саноати ҷаҳонии меҳмондорӣ табдил меёбад.

Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз 100 ширкат, зиёда аз 70 нафар коршинос ва тақрибан 3 ҳазор намоянда ва меҳмонони HoReCa ширкат доранд. Барномаи тиҷоратии чорабинӣ аз ҷаласаҳои мавзӯӣ, конфронс, мубоҳиса ва вохӯриҳои B2B иборат. Дар онҳо мутахассисони пешбари соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ таҳлили муосири тамоюлҳои бозор ва дурнамои соҳаро пешниҳод намуда, таҷрибаи воқеии худро мубодила мекунанд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими барномаи тиҷоратӣ «GastroForumTashkent – 2025» мебошад, ки ҳамчун платформаи касбии солона ба таҳияи стратегияи рушди санъати ошпазӣ ва сайёҳӣ, табодули таҷриба, намоиши инноватсияҳо ва пешбурди фарҳанги гастрономӣ нигаронида шудааст. Дар ин форум намояндагони тарабхона, меҳмонхона, сармоягузорон, продюсер, ошпазон, коршиносон ва вакилони муассисаҳои таълимӣ ширкат меварзанд. Форум омодагии Ӯзбекистонро барои ворид шудан ба арсаи байналмилалии гастрономӣ, таҳкими нуфузи кишвар ҳамчун макони умедбахши гастрономӣ ва илҳом бахшидани насли нави рестораторҳо ва ошпазон намоён мекунад.

Дар доираи намоишгоҳ инчунин «Ярмаркаи ҷойҳои корӣ» — лоиҳаи нави иҷтимоиву иқтисодӣ муаррифӣ мегардад. Ҳадафи он фароҳам овардани платформаи муассир барои ҳамкории мустақим байни намояндагони соҳаҳои меҳмонхона, тарабхона ва сайёҳӣ, муассисаҳои таълимӣ ва корҷӯён мебошад. Ин ташаббус ба баланд бардоштани сатҳи шуғл, рушди захираҳои инсонӣ ва татбиқи стандартҳои муосири хидматрасонӣ дар соҳаи меҳмоннавозӣ мусоидат мекунад.

Иштирокдорони асосии ярмарка маҷмӯаҳои машҳури байналмилалии меҳмонхонаҳо — Hilton Worldwide, Hyatt International LLC, InterConti-nental Hotels & Resorts, Accor ва JW Marriott мебошанд. Ҳамчунин намояндагони муассисаҳои таълимии тахассусӣ, аз ҷумла Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим», Институти рушди Сингапур, Институти рушди менеҷмент, Донишгоҳи давлатии Тошканд, Донишгоҳи давлатии ховаршиносӣ, Донишгоҳи иқтисодиёти Тошканд, Донишгоҳи байналмилалии кимиёи Тошканд, Донишгоҳи ТЕИМ, Коллеҷи туризм ва бизнеси меҳмонхонаи Тошканд ва Техникуми туризм ва мероси фарҳангии Тошканд дар он иштирок доранд.

Дар пасманзари рушди рекордии сайёҳӣ дар соли 2025, Ӯзбекистон мавқеи худро дар бахши меҳмоннавозӣ ва туризми гастрономии Осиёи Марказӣ устуворона мустаҳкам мекунад. Афзоиши гардиши сайёҳон нақши стратегӣ доштани ин соҳаро дар иқтисоди миллӣ тасдиқ мекунад: сатҳи банд будани меҳмонхонаҳо боло меравад, талабот ба мутахассисон ва хидматҳо меафзояд ва зарурати ҷалби сармоя ба соҳаи HoReCa беш аз пеш эҳсос мегардад.

Ҳаёт Ҳамроев,

мутахассиси Хидмати матбуоти Кумитаи туризм.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: