Ба созмон ёфтани ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Uz Koreya medikal» бештар аз бист сол гузаштааст.
Дар ин ҷо маҳсулоти тиббӣ, санитарӣ-гигиенӣ: сӯзандору, воситаҳои инфузионӣ, ниқобҳои тиббӣ, ҷиҳозҳои гигиена ва ғайра истеҳсол мегардад.
Ин маҳсулот ба бозорҳои маҳаллию хориҷӣ бароварда мешаванд. Ҳоло чораю тадбирҳои зиёдтар намудани ҳаҷми истеҳсолот ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ дида мешавад. Айни замон дар корхона 42 нафар кормандон мувофиқи талаби бозор 14 намуд маҳсулоти тиббӣ истеҳсол мекунанд. Иқтидори солонаи истеҳсолоти корхона ба 1 миллион дона расида, даромади солона 15 миллиард сӯмро ташкил мекунад. Дар давоми 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 9,4 миллиард сӯмро ташкил намуда, маоши кормандон ба 3-5 миллион сӯм рост меояд.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.