Деҳқонони Қӯштеппа беш аз 27200 тонна пахта супурданд

Деҳқонони ноҳияи Қӯштеппаи вилояти Фарғона аввалин шуда супоришоти ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд. Ҳосили миёнаи ҳар гектар 45 сентнериро ташкил намуда, ба давлат беш аз 27200 тонна пахта супурда шуд.

Имсол деҳқонони 144 хоҷагии ноҳия дар 6400 гектар навъҳои пахтаи маҳаллӣ ва хориҷӣ кишт намуда, дар асоси қоидаҳои агротехникӣ парвариш карданд. Ба масъалаи бо техника, нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ таъмин намудани хоҷагиҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои механизаторон, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонидани онҳо диққати махсус дода шуд.

Хоҷагиҳои зиёди ноҳия, мисли «Насибахон Ҳабибахон файзи», «Мухторалӣ Худойбердӣ», «Роввот замин файзи» ва «Нишонов Равшан Одил ӯғли» натиҷаҳои баланд ба даст оварда, ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҳосили пахта гирифтанд.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: