Об ҳасту ҳаёт ҳаст

Солҳои охир мушкилоти об барои сокинони деҳаҳои кӯҳистон низ афзуда, ҳатто ҳангоми мавсими обёрӣ боиси ҷангу ҷидол мегардад. Ду-се сол қабл дар деҳаи Камонгарони ноҳияи Ургут маҳз дар пояи талоши об фоҷиа рух дода буд. Дар натиҷа чандин нафар ба курсии сиёҳ нишастанд.

Кишвари мо аз мамлакатҳои эҳтиёҷманди об ба шумор меравад. Пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2030-юм талаб ба оби ошомиданӣ 7 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин ба ҳаҷми оби обанборҳои Чорбоғ ва Тузкон баробар аст. Аз сабаби тағйирёбии иқлим тӯли 50 соли охир ҳаҷми об дар дарёҳои Сир ва Ому 20 фоиз кам шудааст. Ин дар ҳолест, ки шумораи аҳолӣ сол аз сол меафзояд.

Бинобар ҳисобу китоб як нафар дар як шабонарӯз тахминан 400-500 литр обро истифода мебарад. Агар ба ин ҳаҷми оберо, ки барои обёрии замин, шустушӯ ё пухтани хӯрок истифода мешавад, зам намоем, рақами хеле зиёд ҳосил мешавад.

Боз як далели раднопазир. Муайян кардаанд, ки агар аз ҷумраки носоз об қатра-қатра чакида истад, дар як шабонарӯз то 400 литр об исроф мешудааст.

Гузаштагони мо ба чор унсури бунёдии табиӣ – обу оташ, хоку бод эҳтирому эътиқоди махсус доштанд. Хоссатан замину обро аз ҳар гуна палидиҳо пок медоштанд.

Солҳои охир мушкилоти об барои сокинони деҳаҳои кӯҳистон низ афзуда, ҳатто ҳангоми мавсими обёрӣ боиси ҷангу ҷидол мегардад. Ду-се сол қабл дар деҳаи Камонгарони ноҳияи Ургут маҳз дар пояи талоши об фоҷиа рух дода буд. Дар натиҷа чандин нафар ба курсии сиёҳ нишастанд.

Сокини деҳаи Миронқули ноҳияи Самарқанд, собиқадори таълими халқ Ӯроқбой Зиёев бошад, ба кори савоб даст зад. Ӯ маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъкардаашро баҳри бо оби ошомиданӣ таъмин кардани ҳамдиёрони худ сарф намуд. Бо машаққати зиёд аз бағали кӯҳ оби чашмаро бо нил ба деҳа овард. Ҳоло мардум, пиру барно дар ҳаққи ӯ дуои хайр мекунанд. Мутаассифона, чунин касони савобҷӯ ангуштшуморанд.

Бо саъю кӯшиши сарвари давлат Самарқанд ба маркази воқеии сайёҳӣ табдил ёфт. Ҳар рӯз меҳмонони зиёди хориҷӣ ба шаҳри бостонӣ ташриф оварда, баробари боздид аз ёдгориҳои таърихӣ, инчунин аз нону оби ширини он баҳра мебаранд.

Соли гузашта ҷӯйборҳои Оби Машҳад, Сиёб, Оби Раҳмат, ки ифлос шуда буданд, умри дубора гирифтанд. Бо роҳи ҳашар ва кӯмаки беғаразонаи ҳомиён соҳили рӯду ҷӯйборҳои Самарқанд аз партов тоза карда, вазифаи назоратчиёни оби ҷӯйбор ҷорӣ гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: