Маърӯзаҳои беҳтарини олимони ҷавон муайян гардиданд

Дар Донишгоҳи давлатии техникаи Тошканд ба номи Ислом Каримов таҳти мавзӯи «Маводи нави композитсионӣ ва нанокомпозитсионӣ: хусусият, сохт ва татбиқи онҳо» анҷумани байналхалқии илмиву амалӣ баргузор гардид.

Дар анҷуман дар қатори мутахассисони маҳаллӣ, кадрҳои малаканоки соҳа, пажӯҳишгарони ҷавон ва докторантҳо, олиму профессорон ва мутахассисони муассисаҳои таълими олии бонуфузи Хитой, Булғория, Сербия, Белоруссия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ иштирок карданд.

 Роҳбари илмии муассисаи давлатии «Фан ва тараққиёт», академик С.Неъматов дар маърӯзаи худ таъкид намуд, ки дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ва партовҳои техногенӣ офаридани маҳсулоти нав, инчунин ба таъмини талаботи рӯзафзуни соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ ба материалҳои композитсионию нанокомпозитсионӣ ва тезондани рушди илму техника мусоидат мекунад.

Дар анҷумани дурӯза наздик ба 170 маърӯза ва дигар баромадҳо шунида шуда, маърӯзаҳои беҳтарини олимони ҷавон муайян карда шуданд.

Дар чаҳорчӯби анҷуман бо намояндагони хитоӣ суҳбати мизи мудаввар барпо гардид. Онҳо оиди самтҳои илмӣ ва пажӯҳишҳо, истеҳсоли маҳсулот ва ускунаву таҷҳизоти ширкатҳои худ маълумот доданд.

– Маърӯзаҳои пешниҳодшуда оид ба истеҳсол ва истифодаи композитҳои металлӣ аҳамияти илмӣ доранд ва онро барои истифода дар истеҳсоли маводи композитсионӣ дар як қатор соҳаҳои хоҷагии халқ тавсия кардан мумкин аст, – гуфт С. Неъматов.

Ҳ. Абдуназаров.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: