Президенти Ӯзбекистон ба Брюссел рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен 23 октябр бо сафари расмӣ аз шаҳри Брюссел рафт.

Роҳбари давлат дар пойтахти Белгия бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо музокираҳо мегузаронад. Масъалаҳои рушд ва густариши минбаъдаи муносибатҳои бисёрсамта баррасӣ мегарданд.

Имзои Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.

Ғайр аз ин, вохӯриҳо бо Подшоҳи Белгия Филипп ва намояндагони ширкат ва институтҳои пешбари молиявии Аврупо низ ба нақша гирифта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: