Навиштаҳои Ибни Баттута дар бораи Бухоро ва Вобканд

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Баттута соли 1304 дар шаҳри Танҷеи Марокаш ба дунё омадааст.

Вобканд яке аз гӯшаҳои қадимаи кишварамон буда, аз ҷумлаи ноҳияҳое мебошад, ки дар пешрафти миллию маънавии диёрамон саҳми арзанда гузоштааст. Яке аз намунаҳои зеботарини меъморӣ — манораи баландтарини кишварамон дар ин мавзеъ ҷойгир мебошад, ки ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. Аммо ин мақола на дар бораи ин манора, балки дар бораи осори таърихии сайёҳи маъруфи араб Ибни Баттута дар бораи Бухоро ва Вобканд мебошад, ки солҳои 1334-35 ба Осиёи Миёна сафар кардааст.

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Баттута соли 1304 дар шаҳри Танҷеи Марокаш ба дунё омадааст.  Дар 22-солагӣ сафари худро оғоз намуда, нахуст  барои ҳаҷ ба Макка рафта, баъд аз шаҳрҳои Исфаҳону Шерози Эрон ва Ироқ дидан кардааст. Сипас бо машаққати зиёд то ба Миср меравад ва бо ҳамин  марҳалаи аввали сафари ӯ ба анҷом расидааст.

Ӯ дар сафари навбатӣ ба Шом, Осиёи Хурд, Дашти Қипчок, Ӯрдаи тиллоӣ, шаҳрҳои Осиёи Миёна — Хоразм, Бухоро, Нахшаб, Самарқанд, Тирмиз ва Хуросон сафар кардааст.

 Дар маҷмӯъ, Ибни Баттута ба Африқои Шимолӣ ва Шарқӣ, Шарқи Наздик ва Миёна, нимҷазираи Араб, Қафқоз, Хоҷӣ Тархон (Астрахан), Константинопол ва Осиёи Миёна сафар карда, аз Осиёи Миёна тавассути Тирмиз ва Афғонистон ба   Ҳиндустон рафтааст. Пас аз чанд соли зиндагӣ дар сарзамини Ҳинд, дар Сейлон (Шри-Ланка), Малдив, Индонезия ва Чин шудааст. Пас ба Марокаш баргашта, чанд сол аз паси корҳои давлатӣ шудааст. 

Баттута бори сеюм ба нимҷазираи Пиреней (Испанияи ҳозира) ва  Африқои ғарбиву марказӣ сафар кардааст. Аз рӯйи маълумотҳо соли 1368 дар шаҳри Феси Марокаш вафот кардааст. Ибни Баттута ҳамагӣ 120 ҳазору 700 километр масофаро тай кардааст. Ин барои як сайёҳи асри XIV корнамоии бесобиқа буд.

Ибни Баттута дар бораи сафарҳои худ китобе ба табъ расонд. Ҳарчанд он «Туҳфат ан-нуззор фи ғароиб ал-амсар ва аҷоиб ал-асфар» (Туҳфа ба шахсе, ки ба шаҳрҳои ғаройиб сафари аҷиб дорад) ном дошт, вале бештар бо номи «Саёҳатномаи Ибни Баттута» маъруф аст.

Баттута дар ин асари пурарзиши худ дар бораи мамлакату шаҳрҳои асрҳои миёна, фарҳанг ва тарзи зиндагии мардуми он маълумоти муфассал додааст. Бахусус, маълумотҳои ӯ оиди шаҳрҳои Хоразм, Самарқанд, Тирмиз, Бухоро ва Вобканд барои ҳамватанони мо шавқовар аст. Масалан, ӯ дар бораи Хоразм навиштааст: «Дар давоми сафарҳои худ ба чандин мамлакати дунё чун хоразмиҳо одамони хушодоб, олиҷаноб ва меҳмоннавозро надидаам».

Боз навиштааст, ки сафари худро ба Хоразм анҷом дода, аз шаҳри Қиёт ба Вобканд, аз он ҷо ба Бухоро рафтам. Муаллиф онро чунин тавсиф намудааст:

«Мо чаҳор рӯз роҳ тай карда, ба шаҳри Қиёт расидем. Дар ин роҳ мисли Қиёт, ки на он қадар калон ва хеле зебо буд, ҷойи дигареро надидаем.  Дар шаҳр назди ҳавзе истодем, ки аз сармо ях баста буд. Кӯдакон дар рӯйи ях метохтанд. Қозии шаҳр Садр аш-Шариъа, ки ман бо ӯ дар хонаи қозии Хоразм вохӯрда будам, аз омадани ман бохабар шуда, бо шогирдон ва шайхи обиду солеҳи  шаҳр Шайх Маҳмуди Хивокӣ ба пешвозам баромад. Шайх Маҳмуд гуфт: «Одатан барои дидани меҳмонон меоянд. Азбаски чунин аст, ба назди амири шаҳр биравем ва ӯро ба ин ҷо биёрем!» Бо амир вохӯрдем. Мо мехостем зуд ба роҳ бароем, аммо амир дар шаҳр мондани моро хоҳиш намуда, фақеҳу сарлашкаронро таклиф карда, зиёфат намуд. Шоирон дар васфи амир шеър гуфтанд. Амир ба ман либос ва як аспи хуб туҳфа кард.  Мо ба роҳи машҳури Сепой баромадем ва пас дар саҳро шаш рӯз беоб гаштем.

Баъд ба шаҳри Вобканд расидем, ки аз Бухоро дар масофаи якрӯза роҳ аст. Вобканд шаҳри зебо буда, ҷӯй ва боғи бисёр доштааст. Сокинони он тамоми сол дар хонаҳои худ ангур нигоҳ медоранд. Онҳо мевае доранд, ки олу ном дорад. Ин меваро хушк карда, ба Чину Ҳиндустон мебаранд. Онҳо ба болои ин мева об андохта, шарбати онро менӯшанд. Ин мева вақти тару тоза буданаш ширин буда, пас аз хушк шудан турштар мешавад. Меваи олу ғафс буда, ман чунин меваро на дар Андалусия ва на дар Сурия дидаам. Мо тамоми рӯз аз байни боғҳои бо ҳам пайваст, ҷӯйборҳо, дарахтзор ва киштзорҳои шудгоршуда гузашта, ба шаҳри Бухоро расидем. Бухоро зодгоҳи имоми муҳаддисон Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухорӣ мебошад. Ин шаҳр пойтахти кишваре буд дар канори Ҷайхун, аммо Чингизи тотори лаънатӣ, ки шоҳони Ироқ аҷдодони ӯ аст, хароб кардааст. Ҳоло, ба истиснои чанд масҷиду мадраса ва бозор, шаҳр дар ҳоли харобазор аст».

Аз ин саргузашти мухтасар дар бораи таърихи асримиёнагии Бухоро ва Вобканд якчанд хулоса баровардан мумкин аст. Пеш аз ҳама оиди  шаҳри зебову  боғҳои серҳосил доштани Вобканд, асосан бо зироаткорӣ машғул буда, тамоми сол ангур нигоҳ доштани мардуми он маълумотҳои пурқиматро мегирем. Сониян медонем, ки мардуми он аз олу (шояд зардолу бошад), мураббо омода карда, меваи хушкшудаи онро ба Ҳиндустону Чин содир кардаанд.

Сеюм ин, ки «тамоми рӯз аз байни боғҳои ба ҳам пайваст, ҷӯйборҳо, дарахтзор ва киштзорҳои шудгоршуда ба шаҳри Бухоро расидани» сайёҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки заминҳои Вобканд шудгоршуда, корам ва мардуми он кишоварзи моҳир будаанд.

Чаҳорум ин ки мо тариқи ин ҳикоя маълумоти арзишмандеро оиди дар асри XIV аҳволи ногувор доштани шаҳри Бухоро ба даст меорем. Тавре маълум аст, тақрибан як аср пеш аз сафари Ибни Баттута, яъне соли 1220 Чингизхон Бухороро забт карда, шаҳрро ба хокистар табдил дода буд. Он гоҳ беш аз 30 ҳазор нафар мардуми Бухоро, ки бар зидди истилогарон сар бардоштаанд, ба қатл расонида шудаанд.

Бисёре аз донишмандони бузург аз ҷониби муғулони саҳроӣ асир гирифта мешаванд. Чингизхон бо машаққати зиёд маркази Мовароуннаҳри бостонӣ — Бухороро ғорат карда, фармон медиҳад, ки шаҳрро оташ зада, бо хок яксон кунанд. Дар натиҷа аксари биноҳо, ки асосан аз чӯб сохта шуда буд, сӯхта ба хокистар табдил меёбад. Танҳо масҷиду қасрҳои аз санг ва хишти пухта сохташуда боқӣ мемонаду халос.

Аз ин маълумотҳо бояд чунин хулоса кард, ки дар нимаи аввали асри XIV, вақте ки Ибни Баттута ба Бухоро сафар карда буд, шаҳр аз зарбаҳои вазнини Чингизхон ҳанӯз пурра «ба худ наомада» буд. Шаҳр ба харобазор табдил ёфта, доғи захмҳо мисли доғи девору қалъаҳо  баръало ба назар мерасиданд.

Қодир Ҷӯраев,

устоди Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: