Ҷашнвораи «Саховати Тайлоқ» баргузор гардид

Дар ҳудуди пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии байтории шоҳроҳи Самарқанд – Панҷакент фестивали меваю сабзавоти «Саховати Тайлоқ» баргузор гардид.

Дар ҳудуди пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии байтории шоҳроҳи Самарқанд – Панҷакент фестивали меваю сабзавоти «Саховати Тайлоқ» баргузор гардид, ки боғбонону соҳибкорон аз ноҳияҳои Ургут, Ҷомбой, Самарқанд ва Булунғур бо маҳсулоти кишоварзии худ ширкат варзиданд.

Ҷонишини якуми ҳокими вилоят Шербек Бӯронов ба як гурӯҳ пешқадамони хоҷагии қишлоқ Ифтихорномаи ҳокимияти вилоятро супурд.

– Ноҳияи мо дар шафати шаҳри Самарқанд ҷойгир буда, қариб 2 ҳазору 800 гектар заминҳои корам дорад, – гуфт ҷонишини ҳокими ноҳияи Тайлоқ Шерзод Ҳайдаров, – танҳо соли равон дар ноҳия 70 ҳазор тонна картошка, 45 ҳазор тонна сабзавот, 52 ҳазор тонна ангур, 18 ҳазор тонна мева ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки ҳамаи ин натиҷаи таҷрибаомӯзӣ ва пурсамарона истифода бурдан аз илму дониш аст. Деҳқонон аз як гектар майдон то 15-20 ва аз навъи суперэлита то 40-50 тонна картошка гирифта, дар вилоят пешқадам ҳастанд. Дар ноҳияи мо заводи коркарди маҳсулотҳои боғ ва полиз арзи вуҷуд дошта ба он соҳибкори номдор Бахтиёр Маъруфӣ роҳбарӣ мекунад. Бинобар ҳамин дар ноҳия муаммои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ нест.

Мухбири худамон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: