Дар тарабхонаи «Садаф»-и шаҳри Самарқанд бо қарори Шӯрои парастории Хазинаи дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони «Нуронӣ» 86 нафар соҳибэҳтиром, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаҳои гуногун софдилона ва пурсамар меҳнат кардаанд, бо нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» сарфароз гардиданд.
Дар чорабинии фарҳангӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев, ҷонишини раиси Бунёди ҷумҳуриявии «Нуронӣ» Шароф Убайдуллоев ва дигарон ширкат варзида, дар бораи саҳми арзандаи собиқадорони меҳнат дар рушду такомули илму дониш, таълиму тарбия ҳарф заданд.
Пас аз мукофотонидани нурониён санъаткорон бо сурудҳои дилошӯбу дилнишин ба ҳозирон ғизои маънавӣ бахшиданд.
Баҳодури Зоҳир.
Вилояти Самарқанд.