22 октябри соли равон дар Маркази байналмилалии сайёҳии “Silk Road Samarkand”-и шаҳри Самарқанд таҳти ташаббуси Маркази илмиву маърифатии “Инсон. Фарҳанг. Сулҳ.”-и назди Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ, ки бахшида ба Рӯзи шаҳри Самарқанд, сессияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО ва рӯнамоии асари “Инсон. Фарҳанг. Сулҳ: гуфтугӯ бо ҳамзамонони маъруф дар бораи дарки фарҳанг ва идроки зиндагӣ дар асри XXI»-и Анатолий ва Владимир Ионесовҳо доир гардид, ректори донишгоҳ, профессор Юсуф Абдуллоев меҳмононро бо самимият хайра мақдам гуфт ва таъкид кард, ки ин китоб дар арафаи сессияи 43-юми ЮНЕСКО омода гардид. Ҳамчунин бо ифтихор зикр кард, ки ин чорабинии муҳим дар таърихи ташкилот бори аввал берун аз Париж — дар шаҳри бузурги Самарқанд баргузор мегардад.
– Маркази илмиву маърифатии “Инсон. Фарҳанг. Сулҳ.”-и назди донишгоҳ соли 2023 таъсис ёфт, – иброз дошт Ю.Абдуллоев. – Бояд гуфт, ки ин марказ дар рушди ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии байналмилалӣ, инчунин дар пешбурди ғояҳои сулҳ ва дипломатияи мардумӣ аҳамияти калон дорад.
Сипас, сухан дар бораи китоби “Инсон. Фарҳанг. Сулҳ” рафт. Ин китоб аз чор ҷилд иборат буда, дар чорабинӣ ҷилди аввали он – «Ҷоизадорони Нобел» рӯнамоӣ шуд.
Зикр гашт, ки дар китоб андешаву мулоҳизаҳои ҷоизадорони Нобел, олимон, нависандагон, сиёсатмадорон ва арбобони фарҳанг дар бораи инсон, фарҳанг ва сулҳ дар асри XXI гирдоварӣ шудаанд. Лоиҳа натиҷаи беш аз 40 соли таҳқиқ, мукотиба ва мубодилаи андешаҳои зеҳнӣ буда, ғояҳои муколамаи байнифарҳангӣ, дипломатияи мардумӣ ва эътиқод ба нерӯи эҷодии шахсро таҷассум мекунад.
Дар доираи чорабинӣ ба профессори Маркази забон ва фарҳанги ӯзбеки донишгоҳ Пӯлод Назаров, ки зиёда аз 40 сол ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул аст, аз ҷониби Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия нишони сарисинагии «Олий таълим аълочиси» супорида шуд.
Инчунин, донишҷӯёни боистеъдод ва фаъоли факултети “School of Computing” барои дастовардҳои илмӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои донишгоҳ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар қисмати тантанавии барнома дар васфи Самарқанд шеъру сурудҳо садо доданд. Донишҷӯёни донишгоҳ шеъри «Қасидаи Самарқанд»-и шоираи рус Ирина Алексееваро ба ҳафт забон ва профессорони донишгоҳ суруди «Самарқанд»-и А.Умароваро ба даҳ забон иҷро карданд, ки дар толор фазои воқеии ҳамоҳангии байналмилалӣ ва мӯъҷизаи мусиқиро ба вуҷуд овард.
Асила ИБРОҲИМОВА,
котиби матбуоти Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд.