31 май – 1 июни соли 2024 Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафар ба вилояти Бухоро бо мақсади рушди сайёҳӣ дар шаҳри бостонӣ бобати бунёд кардани фурудгоҳи нави замонавӣ супориш дода буд.
Ниҳоят баъди омӯхтани ҳаматарафа барои бунёди фурудгоҳи байналхалқӣ Бухоро ҷойи муносиб интихоб гардид. Ин ҳудуд дар самти ҷанубии шаҳри Бухоро дар мавзеи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Навметани ноҳияи Бухоро воқеъ шудааст. Барои фурудгоҳи ҳавоӣ ва инфрасохтори он 460 гектар замин ҷудо гардида, майдони аэропорт 362 гектар аст. Қисми боқимондаро роҳҳои автомобилгард – 26 километр, хатти барқ – 16 километр, манбаи таъминоти электр – 35 МВт ташкил мекунад.
Бояд таъкид кард, ки фурудгоҳи байналхалқии нави Бухоро бо роҳи хусусию шарикии давлатӣ бунёд ёфта, нисбати аэропорти байналхалқии ҳозираи Бухоро се баробар калонтар буда, дар як соат барои 1200 нафар мусофир хидмат мерасонад. Ба ибораи дигар миқдори умумии рейсҳо дар ин ҷо ба 17 ҳазор расида, шумораи мусофирони он 2,5-3 миллион нафарро ташкил менамояд.
Дар ҳудуди фурудгоҳи байналхалқӣ ҷараёни корҳои сохтмон ва бунёдкорӣ кайҳо оғоз ёфтааст.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.