Хоҷагиҳои фермерии ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоӣ дар вилоят аввалин шуда супоришоти ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд.
Дар мавсими соли ҷорӣ пахтакорони ноҳия дар майдони 5965 гектар ниҳоли пахта парвариш намуда, аз он 25 400 тонна ашёи хомро ҷамъоварӣ карданд ва ба марказҳои қабули пахта супориданд.
Дар парвариш ва ҷамъоварии ҳосили фаровон садҳо нафар фермерон, деҳқонон, намояндагони соҳаи хоҷагии қишлоқ, агроном, обмонҳо, механизатор ва чинакчиёни моҳир иштирок намуданд, ки саҳми онҳо дар гирдоварии ҳосили бобаракат беқиёс аст.
Хоҷагиҳои фермерии «Ванғози агро-экспорт», «Сафаробод боғи», «Қурбон Латиф», «Ғолиб», «Ҳамза ҳамкор боғи», «Ӯртачӯл юлдузи 2018», «Зафарбек орзуси», «Остонабобо», «К. А. Камолбек», «Фахриддин Ойбек», «Зарафшон чорводори», «Фахриддин Умар», «Истам Карол», «Камолиддин», «Ҳалимов Абрам - Акрам», «Ибодулло Муқимов», «Асадбек орзуси», «Фармон бобонеъмати», «Кенг дунё», «Нарзулло Турсун» аз ҳар гектари замини пахта 60 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, ба дигарон ибрат гардиданд.
Ҳосил фаровон аст. Ҷамъоварии пахта давом дорад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.