Имрӯз дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо иштироки намояндагони сафорат, зиёиён, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд – «Ориёно», шоирон ва нависандагон ба муносибати тақдими китобҳои бадеиву илмӣ ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё таҳти раёсати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд.
Сафир гуфт, ки бино ба иродаи сиёсии сарони ду давлат муносибатҳои дӯстонаи халқҳои ӯзбеку тоҷик сол аз сол таҳким меёбад. Чанде қабл бо ибтикори соҳибкори фарҳангдӯсту саховатпеша – Мурод Мақсудов аз нашриётҳои Тоҷикистон барои мактабиёни Ӯзбекистон ба маблағи 1000 доллари ИМА китобҳои бадеӣ харидорӣ шуда буд. Савоби ғизои маънавӣ на камтар аз савоби ғизои моддист. Ҳар касе, ки аз ин китобҳо як сатр хонда бошад, савобаш ба акаи Мурод хоҳад расид. Теъдоди чунин соҳибкорон сол аз сол зиёд мешаванд.
Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд «Орёно», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов изҳор дошт, ки фикр мекунам, чунин корҳои хайр идома пайдо мекунанд. Ташаббуси соҳибкор акаи Мурод қобили дастгирист. Чанде қабл маркази мо китобҳои бадеӣ ва илмии профессор Ҳамидҷон Ҳомидиро аз китобхонаи шахсиаш, тибқи васияти марҳум ва ризоияти фарзандонаш, ба мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен тақдим намуда буд. Барои фароҳам овардани чунин имконият ба ҳукумати Ӯзбекистон изҳори ташаккур мекунем.
Омӯзгорони собиқадори ноҳияи Қашқадарё, аз деҳаи Ғелони ноҳияи Шаҳрисабз Рӯзимуроди Қурбониён ва Зиёдулло Соқиев ба соҳибкор Мурод Мақсудов ва Сафорати Тоҷикистон бобати бо китобҳои бадеӣ таъмин намудани мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон арзи сипос намуданд.
Мушоираи шоирон ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.
Дар охир сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода таҳти кафкӯбиҳои бардавом ба соҳибкори фарҳангдӯст Мурод Мақсудов барои тарғиби китобхонӣ дар кишварамон ва арҷгузориҳояш ба маънавияту маърифат «Ифтихорнома»-и Сафорати Тоҷикистонро супурд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».