Фарғона нақшаи шартномавии пахтасупориро иҷро кард

Ин зафари меҳнатӣ ба ивази заҳмати шабонарӯзӣ ва пурсамари деҳқонони вилояти Фарғона ба даст омад. Хоҷагиҳо дар ин муддат ҳосили фаровон парвариш карда, беш аз 313 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, нақшаи пахтасупориро иҷро карданд.

Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар медиҳад, дар ин раванд, бо истифода аз мошинҳои муосири пахтачинӣ ва таҷҳизоту технологияҳои нав ҳосилнокии майдонҳои пахта афзоиш ёфта, ҳосили босифат ба даст омад.

Хоҷагиҳои вилоят имсол дар 72 ҳазор гектар пахта киштаанд. Аз ин шумор дар 25 ҳазор гектари он пахтаи навъҳои хориҷӣ кошта, онро бар асоси қоидаҳои агротехникаи замонавӣ парвариш намуданд. Дар натиҷа ҳосили табъи дил ба даст омад.

Барои ташкили ҷамъоварии ашёи хоми пахта 85 ҳазор чинакчиён дар 1 ҳазору 515 отряд муттаҳид гардиданд. Инчунин 194 мошини пахтачинӣ ва 2 ҳазору 986 техникаи пахтакашони дар иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ ширкат варзиданд.

Ноҳияҳои Қӯштепа, Учкӯприк, Данғара, Бувайда, Ёзёвон, Олтиариқ, Қува ва Бағдод дар мавсим аз қатори пешсафҳо ҷо гирифта, барои ҳарчи зудтар иҷро шудани нақшаи шартномавӣ саҳм гузоштанд.

Гуфта мешавад, ки дар майдонҳои пахта ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: