Президенти Ӯзбекистон бо Подшоҳи Белгия мулоқот анҷом дод

  • Президенти Ӯзбекистон бо Подшоҳи Белгия мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Подшоҳи Белгия мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Подшоҳи Белгия мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Подшоҳи Белгия мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Подшоҳи Белгия мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Подшоҳи Белгия мулоқот анҷом дод

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмии худ ба шаҳри Брюссел, бо Подшоҳи Белгия Филипп дар Қасри Лакен мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Аз рӯйи масъалаҳои муҳими молики аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.

Подшоҳ Филипп натиҷаҳои музокироти роҳбари Ӯзбекистонро бо роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ намуда, пешвои мамлакатро бо имзо шудани Созишномаи таърихӣ дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ бо Иттиҳоди Аврупо самимона табрик кард.

Рушди пайвастаи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Белгия бо қаноатмандӣ зикр гардид. Дар сатҳи вазирон муколамаҳои фаъол роҳандозӣ шудаанд, машваратҳои сиёсӣ мунтазам доир мегарданд, дар парлумонҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис ёфтаанд.

Ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ мустаҳкам мегарданд. Байни шаҳрҳои Тошканд ва Кортрейк, Самарқанд ва Леж робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор шудаанд. Дар Кортрейк нимпайкараи ниёи бузурги мо Абӯалӣ ибни Сино ифтитоҳ ёфт.

Ҳаҷми дутарафаи муомилоти мол меафзояд, ширкатҳои Белгия дар Ӯзбекистон, бахусус, дар бахшҳои нассоҷӣ, логистика ва хидматрасонӣ, бомуваффақият кор мебаранд. Соли гузашта дар Тошканд Палатаи савдои кишварҳои Бенилюкс кушода шуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аҳамияти ташкили сафарҳои намояндагони ширкатҳои Белгия ба Ӯзбекистон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии муштаракро таъкид намуданд.

Роҳбари давлати мо дар охири мулоқот аз Подшоҳи Филипп даъват кард, ки бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон ташриф орад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: