Самарқанд: омодагӣ ба анҷумани бошукӯҳи байналмилалӣ чӣ хел аст?

Маркази таърихии Самарқанди бостонӣ, ки ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, 1370 гектар масоҳатро дар бар гирифта, зиёда аз 1600 иншооти таърихии фарҳангӣ дар он ба қайд гирифта шудааст.

Бинобар ҳамин Садорати мероси фарҳангии вилоят барои меҳмонону мизбонони воломақом, ки барои ширкат дар сессияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО оид ба таълим, фан ва маданият ба Самарқанд ташриф меоваранд, феҳристи маҷмӯъи омодасозӣ ба зиёрати онҳоро тартиб дод.

– Ҳоло дар маҷмааҳои таърихии Самарқанд корҳои таъмиру тармим, барқаросозӣ ва ободонӣ ба поён мерасанд, – иброз дошт директори Маркази реставратсияи минтақавии Самарқанд Баҳрилло Абдуллаев. – Хосатан дар маҷмааи Регистон, мақбараи Амир Темур, расадхонаи Мирзо Улуғбек, маҷмааи Шоҳи Зинда, зиёратгоҳи Дониёр пайғамбар ва ғайра барои қабули меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд. Роҳбаладон ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва ғайра оид ба ёдгориҳои таърихӣ маълумоти пурра медиҳанд.

Боиси ифтихору хушнудист, ки бори нахуст чунин анҷумани бошукӯҳи байналхалқӣ дар кишвари мо – Самарқанд баргузор мегардад.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: