Таҷлили иди забони давлатӣ дар донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз бахшида ба мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамасола 21-уми октябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун «Рӯзи забони давлатӣ» ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи таърихӣ ба рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» рост меояд, ки соли 1989 қабул шуда буд. Маҳз аз ҳамон рӯз, забони ӯзбекӣ мақоми расмии давлатӣ гирифт ва ҳамчун яке аз рамзҳои истиқлол ва сарҷамъии миллӣ эътироф шуд.

Забон худ яке аз рукнҳои асосии ҳуввияти миллӣ ва фарҳангии ҳар як миллат ба шумор меравад. Он воситаи интиқоли дониш, ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва мероси гузаштагон аст.

Забон на танҳо воситаи муошират, балки пояи давлатдорӣ ва таҳкими иттиҳоди миллӣ мебошад. Бузургон чун Алишери Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Аҳмади Дониш, Фитрат ва дигарон бо мероси пурарзиши худ дар рушди забони ӯзбекӣ нақши бузурге гузоштаанд. Алишери Навоӣ, аз ҷумла, бо асарҳои безаволи худ забони ӯзбекиро ба дараҷаи баланди адабӣ ва илмӣ расонд.

Ӯзбекистон кишвари сермиллат аст. Дар он намояндагони миллату халқиятҳои гуногун, аз ҷумла: тоҷикон, рус, қазоқ, қирғиз, туркман, тотор, корейс ва дигарон аҳлона ва дӯстона зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи ин миллатҳо дар фазои сулҳу дӯстӣ умр ба сар мебаранд ва ҳамбастагии онҳо яке аз дастовардҳои муҳими давлатдории муосир ба ҳисоб меравад.

Дар кишвари мо ҳамаи миллатҳо имконияти омӯхтани забони ӯзбекиро доранд ва эҳтиром ба он баёнгари эҳтиром ба давлат ва тарзи зиндагии ҷамъиятӣ мебошад.

Имрӯз дар кишвари мо талошу ҳаракатҳои нек барои бунёди Ӯзбекистони Нав ба марҳалаи ҳалкунанда расидааст. Сиёсати хирадмандонае, ки таҳти роҳбарии Президентамон пеш бурда мешавад, имрӯз ба таҳкими дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, пос доштани анъанаҳои миллӣ ва эҳтироми забону фарҳанги миллатҳои гуногун замина гузоштааст.

Дар донишгоҳи мо бо иштироки устодони кафедраи Филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ, донишҷӯёни шуъбаи тоҷикӣ бахшида ба мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ дар мавзӯъҳои «Забон – оинаи миллат», «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади тарғиб ва шиносоии донишҷӯён бо равандҳои муҳим ва таърихии рушди забонҳои давлатӣ дар минтақа ва таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни миллатҳои ҳамсоя ташкил ёфт.

Дар оғози чорабинӣ сухани ифтитоҳӣ ба мудири кафедра, дотсент Махфират Қурбоналиева дода шуд. Баъд аз он раиси Маркази миллии тоҷикони Сурхондарё, дотсенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ Рамазон Абдуллоев оиди ҷанбаҳои гуногуни забони давлатӣ, мақому манзалат ва нақши он дар рушду пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳамзистии осоиштаи қавмҳо ва миллатҳо маърӯза карданд. Донишҷӯёни боиқтидор аз ашъори шоирони маъруфи тоҷик ва ӯзбек шеърҳо қироат намуданд. Донишҷӯён бо забонҳои англисӣ, туркӣ, форсӣ, фаронсавӣ, русӣ, японӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба муносибати «Мақоми давлатӣ гирифани забони ӯзбекӣ» суханҳои табрикотӣ гуфтанд. Инчунин, саҳначаи театрие, ки дар мавзӯи «Забонгумкарда» аз ҷониби донишҷӯён намоиш дода шуд, аҳамияти тарбиявӣ дошт.

Дар поёни чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол аз тарафи раиси Маркази миллии тоҷикони Сурхондарё ташаккурнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.

Субҳидам АНОРБОЕВА,

донишҷӯйи соли якуми бахши тоҷикии факултаи филологияи ДД Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: