Директори генералии ЮНЕСКО ба саволҳои АИ «Дунё» посух дод
Аз 31 октябр то 13 ноябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бори аввал дар тӯли 40 соли охир берун аз шаҳри Париж баргузор мешавад. Ин қарор нишонаи эътирофи нақши афзояндаи Ӯзбекистон дар пешбурди мақсадҳои созмон дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мебошад, ҳамзамон эътимоди ҷомеаи байналмилалиро ба ин кишвар тасдиқ мекунад.
Баргузории чунин форуми бонуфуз дар Самарқанд на танҳо сатҳи баланди ҳамкории Ӯзбекистон бо ЮНЕСКО-ро инъикос мекунад, балки талоши ҷумҳуриро барои фаъолона иштирок кардан дар ташаккули рӯзномаи башардӯстонаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Дар остонаи ин рӯйдоди таърихӣ директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле дар мусоҳибаи махсус бо АИ «Дунё» ба ҳамкориҳои рӯ ба рушди миёни созмон ва Ӯзбекистон баҳои баланд дод. Ӯ зикр намуд, ки кишвар дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди низоми маориф, дастгирии илм ва таҳкими нақши занон ва ҷавонон дар ҷомеа — соҳаҳое, ки дар меҳвари рисолати ЮНЕСКО қарор доранд, ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст.
– Хонум директори генералӣ, соли ҷорӣ ЮНЕСКО 80-солагии таъсисашро ҷашн мегирад. Ба андешаи Шумо, аз таърихи созмон кадом дарсҳои муҳим гирифтан мумкин аст ва чаро рисолати он имрӯз ҳам ин қадар муҳим боқӣ мондааст?
– Дар ҷаҳоне, ки бисёрҷонибгарӣ ҳарчи бештар зери шубҳа қарор мегирад, он, ба таври парадоксалӣ, беш аз ҳарвақта зарур шудааст. Чолишҳои муосир — аз тағйироти иқлимӣ ва низоъҳо то дигаргуниҳои босуръат, ки аз технологияҳои нав сарчашма мегиранд — ба мо хотиррасон мекунанд, ки ҳеҷ кишвар наметавонад танҳо амал кунад. Дар чунин замонҳо одамон бештар осебпазиранд ва танҳо тавассути ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ мо метавонем ба онҳо дониш ва малакаҳое диҳем, ки барои бовармандона паси сар намудани ноустуворӣ ва бунёди ояндаи устувор ва осоишта заруранд.
Дар тӯли 80 сол ЮНЕСКО собит намуд, ки пешбурди маорифи босифат, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди ҳамкории илмӣ ва таъмини дастрасӣ ба иттилоот ҳанӯз ҳам вазифаҳои ивазнопазиранд. Гарчанде ҷаҳон аз соли 1945 ба таври куллӣ дигар шудааст, арзишҳое, ки ЮНЕСКО бар асоси онҳо таъсис ёфт — гуфтугӯ, эҳтироми мутақобила ва ҳамбастагии байналмилалӣ — ҳамоно ҳамчун компас (самтнамо) ба мо кӯмак мекунанд, то дар воқеияти мураккаби ҷаҳонӣ роҳ ёбем.
– Дар шароити ноустувори байналмилалӣ нақши ЮНЕСКО дар пешбурди гуфтугӯ, ҳамдигарфаҳмӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ дар чист?
– Дар ҳамаи самтҳои рисолати худ — маориф, фарҳанг, илм ва иттилоот — ЮНЕСКО гуногунрангиро ҳамчун манбаи қувват ва воситаи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон, ҷомеа ва кишварҳо арзёбӣ мекунад. Мо мекӯшем, ки арзишҳо, дониш ва малакаҳоро таҳким бахшем, ки ба одамон имкон медиҳанд новобаста аз тафовутҳо бо ҳамдигар бо эҳсоси ҳамдардӣ ва эҳтиром муошират кунанд.
ЮНЕСКО тавассути барнома ва конвенсияҳои фарҳангии худ барои ташаккули фаҳмиши умумии мерос ва рушди гуфтугӯ миёни кишварҳо мусоидат менамояд. Афзоиши шумораи объектҳои бисёрмиллате, ки ба Рӯйхатҳои ЮНЕСКО ворид шудаанд, ин равандро равшан нишон медиҳад. Масалан, аз соли 2018 ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангӣ 67 унсури бисёрмиллат шомил гардидааст.
Ӯзбекистон низ дар ин кори умумӣ саҳми фаъол дорад. Масалан, ворид шудани объекти «Долони Зарафшон-Карақум роҳи Абрешим» ба Рӯйхати мероси ҷаҳонӣ, инчунин эътирофи муштараки ҳашт амалияи фарҳангӣ бо кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки чӣ гуна мерос метавонад пули пайванд байни фарҳангҳо гардад.
– Дар солҳои охир Ӯзбекистон ҳузури худро дар саҳнаи байналмилалӣ ба таври назаррас тақвият бахшид. Шумо ба тағйиротҳои дар кишвар рухдода чӣ гуна баҳо медиҳед ва аҳамияти онҳоро барои минтақа ва ҷаҳон чӣ гуна мебинед?
– Фаъол гардидани фаъолияти байналмилалии Ӯзбекистон ифодаи талоши кишвар барои муколама ва ҳамкорӣ мебошад, ки ин махсусан дар шароите муҳим аст, ки муносибати бисёрҷониба ба таҳким ниёз дорад. Ин саъю кӯшишҳо на танҳо садоқати кишварро ба ҳамбастагии минтақавӣ нишон медиҳанд, балки дарки аҳамияти ҳамкории байналмилалиро низ инъикос мекунанд.
Сайёҳӣ ба муҳаррики пуриқтидори рушд табдил ёфт — соли 2024 беш аз 8 миллион сайёҳи хориҷӣ ба Ӯзбекистон ташриф оварданд, ки ин аз таваҷҷуҳи бузург ба мероси ғании фарҳангӣ ва зебоии табиии кишвар шаҳодат медиҳад. Намунаи барҷаста дар ин самт баргузории биенналеи санъати муосир дар шаҳри Бухоро мебошад, ки ба Шабакаи шаҳрҳои эҷодии ЮНЕСКО дохил аст ва кӯшишҳои Ӯзбекистонро барои тарғиби ҳувияти фарҳангии худ дар арсаи ҷаҳонӣ равшан нишон медиҳад.
– Ҳамкориҳои байни ЮНЕСКО ва Ӯзбекистон марҳилаи нави рушди худро оғоз карданд. Шумо самтҳои асосии ин ҳамкорӣ ва дурнамои онро чӣ гуна тавсиф мекунед?
– Дар оғози давраи роҳбарии худ ҳамчун директори генералӣ (соли 2019 – тавзеҳи таҳририя), барои ман шараф буд, ки ба Ӯзбекистон ташриф оварда, бо Президенти кишвар муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом диҳам. Он вақт мо дастгирии ЮНЕСКО-ро дар эҳё ва нигоҳдории объектҳои Мероси ҷаҳонӣ – Самарқанд, Бухоро ва Шаҳрисабз муҳокима кардем. Бо қаноатмандии бузург қайд мекунам, ки ҳамкориҳои мо то куҷо рушд ёфтанд ва анҷоми ин раванд – баргузории ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар Самарқанд рӯйдоди таърихӣ гардид.
Фарҳанг то ҳол пояи асосии ҳамкории мо боқӣ мондааст. Ӯзбекистон фаъолона дар Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ иштирок мекунад. Соли 2024 кишвар ба ворид намудани ду унсури фарҳангӣ – санъати тайёркунӣ ва навохтани рубоб, инчунин густариши унсури Наврӯз, ки 13 кишвари минтақаро муттаҳид месозад, мусоидат намуд. Ҳамон сол Ӯзбекистон мизбони Конфронси 4-уми ҷаҳонии иқтисодиёти креативӣ гардид, ки таваҷҷуҳи махсуси давлатро ба нақши фарҳанг дар рушди устувор нишон медиҳад.
Дар соҳаи маориф ҳамкориҳои мо дастгирии таҳсилоти касбӣ-техникӣ, идоракунии захираҳои об ва пешбурди идоракунии фарогир, аз ҷумла дар соҳаи дастрасӣ ба иттилоот ва рушди саводнокии расонаиро дар бар мегиранд. Моҳи ноябри соли 2022 дар шаҳри Тошканд Конфронси ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба тарбия ва маорифи кӯдакони синни барвақт – марҳилаи муҳим дар рӯзномаи ҷаҳонии таҳсилоти ибтидоӣ, ки асоси ҳамкориҳои минбаъдаро гузошт, баргузор гардид.
Аз соли 2018 ЮНЕСКО ба талошҳои байналмилалӣ оид ба таҳияи меъёрҳои ахлоқӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ роҳбарӣ мекунад. Натиҷаи ин раванд дар соли 2021 қабули аввалин санади меъёрии байналмилалӣ дар ин соҳа гардид. Саҳми Ӯзбекистон дар ин самт таъсис додани Ҷоизаи ЮНЕСКО – Ӯзбекистон ба номи Берунӣ барои таҳқиқот дар соҳаи ахлоқи зеҳни сунъӣ мебошад, ки барои пешбурди арзишҳои ахлоқӣ дар илм аҳамияти бузург дорад.
– Пас аз чанд рӯз Самарқанд бори аввал мизбони Конфронси генералии ЮНЕСКО мешавад. Чаро ин рӯйдод таърихӣ шумурда мешавад ва барои созмон чӣ аҳамият дорад?
– Ман ҳанӯз ҳангоми сафари соли 2019 гуфта будам: Самарқанд ганҷинаест, ки дар чорроҳаи ҷаҳони гуногун падид омадааст. Ӯзбекистон нигаҳбони ин мероси ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, баргузории Конфронси генералии ЮНЕСКО маҳз дар Самарқанд дорои рамзияти амиқ аст – махсусан бо дарназардошти он ки охирин маротиба ин ҷаласа тақрибан 40 сол пеш берун аз Париж баргузор шуда буд.
Ин имконияти нодирест, ки ҳамаи кишварҳои узви ЮНЕСКО дар як маконе, ки худ рамзи муколама ва ҳамкорӣ аст, ҷамъ шаванд. Конфронс дар лаҳзаи муҳим, замоне ки кишварҳо бояд афзалиятҳои созмонро барои солҳои наздик муайян кунанд ва нахустин санади байналмилалиро оид ба нейротехнологияҳо — қадами муҳим ба сӯи оянда қабул намоянд, баргузор мегардад.
Мо ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамаи шарикони ӯзбек барои садоқат, меҳмоннавозӣ ва дастгирии онҳо, ки баргузории ин рӯйдоди таърихиро имконпазир гардонданд, сидқан изҳори сипос менамоем.
– Самарқанд ба маркази баргузории форумҳои бузурги байналмилалӣ табдил меёбад. Ба андешаи Шумо, ҷозибаи махсус ва иқтидори он барои муколамаи ҷаҳонӣ дар чӣ зоҳир мешавад?
– Ба туфайли ҷойгиршавии ҷуғрофии худ дар чорроҳаи роҳҳои байни Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Шарқӣ — дар Роҳи абрешими қадим — Самарқанд ҳазорсолаҳо ҳамчун макони мулоқот, мубодилаи молҳо, ғояҳо ва фарҳангҳо хизмат кардааст. Ин омил онро ба як минбари табиӣ барои вохӯриҳои байналмилалӣ табдил медиҳад.
Боигарии фарҳангии он воқеан бузург аст: аз ёдгориҳои майдони Регистон, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ дохил шудаанд, то нақши таърихии он ҳамчун маркази илм, санъат ва адабиёт — Самарқанд таҷассумгари ҳамгироии таъсирҳои гуногуни фарҳангист.
Ғайр аз таърих, Самарқанд шаҳри илҳом аст, ки дар адабиёт васф шудааст ва бо рӯҳи эҷодии худ маъруф мебошад. Ин як чорроҳаи табиии фарҳангҳост, ки барои гуногунрангӣ ва мубодила боз аст. Ҳамаи ин Самарқандро барои баргузории форумҳои бузурги байналмилалӣ ба ҷойи беҳтарин табдил медиҳад, ки дар онҳо метавон гуфтугӯро нав кард ва роҳҳои нави ҳамкориро муайян намуд.
– Ва ниҳоят, ба андешаи Шумо, паёми асосие, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз Конфронси генералии дарпешистода дар Самарқанд бардорад, дар чист?
– Дар замоне, ки ихтилофот таҳдид мекунанд, ки гуфтугӯро зери соя қарор диҳанд, ин ҷамъомад бояд ба ёд оварад, ки ояндаи мо ба ҳам пайванд аст. Паёми Конфронси генералии ЮНЕСКО бояд равшан бошад: мероси муштарак ва дониши умумӣ пояест, ки бар асоси он метавон сулҳ ва рушди устуворро бунёд кард. Дар Самарқанд мо бо забонҳои маориф, фарҳанг ва илм ҳарф хоҳем зад.
Нақши ЮНЕСКО маҳз дар он аст, ки ин мерос — моддӣ ва ғайримоддиро — ҳифз намояд ва ҳамкориро дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва иртибот таҳким бахшад.
– Барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур, хонум Директори генералӣ ва ба Шумо дар баргузории форуми дарпешистода дар Самарқанд муваффақият орзумандам.
– Сипосгузорам.
АИ «Дунё»,
шаҳри Париж.