Забони ман – ифтихори ман

Ба муносибати «Рӯзи забони ӯзбекӣ» дар хонаи маданияти ноҳияи Намангон таҳти мавзӯи «Забони модарӣ – ифтихори ман!» чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.

Ҷонишини ҳокими ноҳия Тугмахон Сиддиқова иштирокдорони тадбирро табрик намуда, дар бораи нақш ва таъсири забони ӯзбекӣ дар ҳаёти ҷомеа ва миллат ҳарф зад. Дар чорабинии идона мутахассисони соҳа, шоирону адибон, намояндагони ташкилотҳои ҳамкор иштирок намуданд. Омӯзгорони забон ва адабиёти ӯзбекии мактабҳои миёна доир ба мақоми забони давлатӣ, нақши он дар фарҳанг, расму оин ва тарзи зиндагии мардуми ӯзбек андешаҳои худро баён карданд.

Рақсу суруд, шеъру намойишҳои саҳнавӣ, ки аз ҷониби мактаббачагон иҷро шуданд, ба ҳозирон таассуроти калон гузошт. Барномаи ходимони хонаи маданияти ноҳия низ ба чорабинӣ файз бахшид.

Дар тадбир ба хонандагони ғолиб, ки дар озмуни бахшида ба ин сана иштирок карда буданд, туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. 

Ҷашни забон дар ҳамаи ҳудудҳои вилоят гузаронида шуд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: