Тибқи супориши дахлдори роҳбари давлат ба мақсади рушди иҷтимоиву иқтисодии Назди Арал вилоятҳои кишварамон ба ноҳияҳои Қароқалпоқистон вобаста карда шудаанд.
Вилояти Бухоро бино ба таҷрибаи худ ба рушди ноҳияи Хуҷайлӣ саҳм мегузорад. Соли равон дар ин минтақа як қатор бунёдкориҳо ба амал татбиқ гардиданд. Яке аз чунин корҳои хайр таъмири майдони варзишии ноҳия мебошад.
Стадиони футболи соли 2005 сохташуда ба таъмир ниёз дошт. Он барои ду ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда буд. Баъди таъмир курсиҳои тамошобинон ба дуюним ҳазор расонда шуд. Ҳоло корҳои таҷдиду таъмир идома доранд.
Дар акс: рафти корҳои таҷдиду таъмир дар варзишгоҳи марказии ноҳияи мазкур.
Аксбардор: М.Ҳабибуллоев (ӮзА).