«Мерос ва замонавӣ будан»

Таҳти чунин унвон дар галереяи «Дӯсматбой», воқеъ дар қарибии майдони таърихии Регистон, намоиши нави асарҳои мусаввирони самарқандӣ ифтитоҳ ёфт.

Ҳар гоҳ сухан аз Самарқанд меравад, дар зеҳни мардум на танҳо номи шаҳри бостонӣ зинда мегардад, балки худ ба худ андешае аз абадият падид меояд. Зеро дар ин шаҳри биҳиштосо мафҳуми «гузашта» ва «имрӯз» ба ҳам тавъаманд — замони куҳан бо ҳозира ҳамоҳанганд. Ин ҳамбастагии замон ва зиндагӣ дар асарҳои мусаввирони номдору ҷавони самарқандӣ равшан таҷассум ёфтааст.

Масалан, дар асари академик, узви Академияи мусаввирони Ӯзбекистон Аслиддин Исоев бо номи «Шаҳри ман» на танҳо манзараи меъморӣ, балки зебоии рангҳо таҷассум ёфтааст. Манораи Шердор дар осмони лоҷувард ҷилвагар буда, гӯё нуқтаи пайванди замин ва нерӯи илоҳист. Дар ин манзара инсон сояест назди девор, аммо шаҳри Самарқанд худ саҷдагоҳ аст.

Мусаввир Ҷумъа Абдурауф, ки зодаи деҳаи хушҳавои Оҳалик аст, табиати зодгоҳ ва кӯҳсори онро манбаи илҳоми худ қарор додааст. Аз ин рӯ, дар аксар асарҳои ӯ манзараҳои зебои кӯҳистон ва муҳити поки зодгоҳаш тасвир шудаанд.

Рассом Хуршед Халилов бошад, мафҳуми «инсоният»-ро дар матоъҳо бо истифодаи рангу ҳаҷм ва ҳолатҳои гуногун ба тасвир овардааст, ки бечунучаро таваҷҷуҳи тамошобинони нукташиносро ҷалб мекунад.

Асарҳои Ёрқул Тӯлаганов — устоди сангтарошӣ, инчунин корҳои мусаввирони ҷавони умедбахш Мунира Султонова, Александ Шербаков, Аҳмадхон Исоев ва дигар эҷодкорон низ шоёни таҳсинанд.

– Дар Самарқанд мусаввирони ҷавони соҳибистеъдод ба камол мерасанд, – мегӯяд рассоми соҳибтаҷриба, устод Аслиддин Исоев. – Онҳо на танҳо аз ҷиҳати техникӣ, балки аз ҷиҳати рӯҳонӣ низ рушд мекунанд. Мекӯшанд то решаҳои қадимиро бо шаклҳои нав пайванд диҳанд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: