Баҳори соли 1995 буд. Барои ширкат дар маросими хурсандии дӯсти давраи донишҷӯиям – Баҳодур Абдураззоқов озими деҳаи Тоҷикқишлоқи ҷамоати Учқӯрғон шудам. Ин деҳа дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканди Қирғизистон воқеъ гаштааст.
Иттифоқи ғайричашмдошт
Баҳори соли 1995 буд. Барои ширкат дар маросими хурсандии дӯсти давраи донишҷӯиям – Баҳодур Абдураззоқов озими деҳаи Тоҷикқишлоқи ҷамоати Учқӯрғон шудам. Ин деҳа дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканди Қирғизистон воқеъ гаштааст. Аксари ҷавонони ин деҳа фориғуттаҳсилони мактабҳои олии шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе мебошанд. Баҳодур дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил карда, то рутбаи полковники хадамоти амнияти Қирғизистон расидааст.
Баъди истиқбол маро ба утоқе раҳнамоӣ карданд, ки як гурӯҳ одамони синну соли гуногун бо мароқ суҳбат мекарданд. Падари вай – шоир Шарифҷони Учқӯрғонӣ дар пешгоҳи хона менишаст. Вай маро дидан замон аз ҷой бархост ва самимона вохӯрӣ карду ба қудояш – Саидазим Пӯлодӣ ишора намуд, ки маро дар паҳлӯяш нишонад. Устод Пӯлодӣ падарарӯси Баҳодур солҳои дароз дар корҳои ҳизбӣ фаъолият намудааст ва аз таъсисгарони Созмони тоҷикон дар Учқӯрғон мебошад.
Он ҷо диққати маро шахси босалобате ба худ кашид, ки дар қатори боло менишаст. Тахмин намудам, ки меҳмон аз ҷойи дур омадааст. Дар тан шиму костюми сафед дошт, мӯйи сафеди ба пас шоназадааш салобати вайро дучанд менамуд. Вақте ҳарф мезад, аҳли нишаст бо диққати том ба ҳарфҳои вай гӯш медод.
– Ин кас доктори илми тиб, профессор Абдуҳалим Раҳимҷонов ҳастанд. Дар Бишкек ҳамчун табиби маъруф ном баровардаанд. Раисии Созмони иҷтимоии тоҷикони Қирғизистон ба номи Устод Рӯдакиро низ бар дӯш доранд, – гуфт устод Учқӯрғонӣ ва ин шахси пурсалобатро муаррифӣ намуд.
– Ман аслан одами аз шеъру шоирӣ дур ҳастам, зеро кори мо барқарор кардани саломатии одамон аст. Аммо мардуми тоҷик ҳамеша шеъру шоириро хеле дӯст доштаанду дӯст медоранд. Дар мактаби миёна чанд шеъри Устод Рӯдакиро азёд карда будам, ки ҳеч гоҳ аз ёдам намераванд:
Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
гуфтани Раҳимҷонов диққати маро бештар ба сӯйи ӯ кашид.
Баъд ӯ бо талаби яке аз аҳли нишаст тарҷумаҳои русиву қирғизии ин байтҳои Рӯдакиро хонд ва аҳли маҳфилро ба шавқ овард. Аз чунин иттифоқ хеле шоду масрур шудам. Зеро қаблан номи ӯро шунида будам, вале худашро бори аввал медидам. Маҳз ҳамин шиносоӣ бо профессор Раҳимҷонов дари суҳбату мулоқотҳои баъдиро бароям боз намуд.
Суҳбати нахустин
Дар аснои суҳбат аз фаъолияти Созмони тоҷикон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чанд бор ёдоварӣ сурат гирифт. Донистам, ки ин созмони ҷамъиятӣ аввали солҳои 90-уми асри гузашта дафтари худро дар деҳаи Учқӯрғон ифтитоҳ намудааст ва доктори улуми тиб Абдуҳалим Раҳимҷонов, ки баъдан академики Академияи илмҳои тибби Қирғизистон эътироф гардид, ба он раис интихоб шудааст.
– Ба далели он ки дар шаҳри Бишкек кору зиндагӣ мекунам, дафтари марказии онро ба ин шаҳр кӯчондем. Аммо дари дафтари учқӯрғонии созмон ҳамеша ба рӯйи муштариён боз буда, аҳли адабу фарҳанги тоҷик ин ҷо гирдиҳам меоянд, маҳфили шеъру суруд барпо мекунанд, – гуфт Раҳимҷонов.
Ҳамсуҳбатам аввал таърихи ташкили созмони тоҷикон ва нақши аҳли адабу фарҳанги Учқӯрғон дар таъсиси ин созмонро бароям нақл намуд.
– Ман аз Президент Аскар Акаев хоҳиш кардам, ки барои созмони навтаъсиси тоҷикон як миқдор маблағ ҷудо кунад. Вай ин хоҳиши маро иҷро кард ва дар ихтиёри мо 50 ҳазор сом гузошт, ки онро барои анҷоми як қатор корҳои ташкилӣ истифода намудем, – гуфт Абдуҳалим Раҳимҷонов.
Дарвоқеъ, ҳамон солҳо 50 ҳазор соми қирғизӣ маблағи хеле калон буд. Мизу курсӣ ва қолину ҷиҳози лозима, асбобҳои мусиқӣ, ки то ҳол нигоҳ дошта мешаванд, бо ҳамон пул харидорӣ шудаанд. Баъд Раҳимҷонов доир ба кору фаъолияти созмони тоҷикон дар Бишкек ибрози назар намуд.
Созмони тоҷикон оҳиста ба маскани мулоқоти аҳли эҷоду тиҷорат табдил ёфт. Равшанбек Собирови қаросӯӣ (вилояти Ӯш), Зафар Юсуфови истаравшанӣ ва Каримҷон Одинаеви қистақӯзӣ (вилояти Суғди Тоҷикистон) ва Субҳонқул Мардонқулови самарқандӣ маҳз бо ҳидояти Раҳимҷонов ба раёсати созмон пазируфта шуданд. Онҳо аз зумраи тоҷирони хеле муваффақи тоҷиктабори ҳамон давр маҳсуб мешуданд. Маҳз ин тоҷирон чорабиниҳои зиёди Созмони тоҷиконро таъмини молӣ мекарданд.
Яке аз чунин маҳфилҳо бо иштироки Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Амриддини Кабир ва шоири шаҳиру хушадо Сиёвуш роҳандозӣ гардид, ки бо тантанаи хос ва хеле хубу хотирмон гузашт. Дар баргузории он якҷо бо Созмони тоҷикони Қирғизистон сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон аз наздик ҳамкорӣ намуд.
Вай афзуд, ки ҳоло ду масъулият бар дӯши ӯ бор аст, аммо баробари боло рафтани синну сол дарк намудааст, ки яке аз ин ду вазифаро ба шахси нисбатан ҷавон супорад. Барои ҳамин дар қатори номзадҳои дигар ба мақоми раиси созмони тоҷикон соҳибкор Равшанбек Собировро низ номзад пешниҳод карданӣ аст, ки соҳиби илму маърифати баланд мебошад.
– Ҳанӯз дар ҷомеаи тоҷикони Қирғизистон шахсе ба мисли Абдуҳалим Раҳимҷонов зуҳур накардааст, ки ин вазифаи пурмасъулиятро бар дӯш гирифта тавонад. Ӯ аз миёни тоҷикон ҳамчун шахси маъруфу машҳур дар кишвар шинохта шудааст. Роҳбарони вазорату идораҳои зиёд он касро хеле хуб мешиносанд ва суханашонро дар ҳар боб ду намекунанд, – мегуфт аз равшанзамирони деҳаи Тоҷикқишлоқ Саидазим Пӯлодӣ.
Вале танҳо баъди тавзеҳу ташреҳи зиёд вакилон истеъфои Абдуҳалим Раҳимҷоновро аз мақоми раёсати Созмони тоҷикони Қирғизистон пазируфтанд.
Ифтихори мардуми Учқӯрғон
Академик Раҳимҷоновро мардуми Учқӯрғон бо самимияти том эҳтиром мекунанд ва арҷ мегузоранд. Вай 5 октябри соли 1943 дар оилаи мулло Раҳимҷони сохтмончӣ ва коргари колхоз – Очахон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1959 мактаби миёнаи тоҷикии ба номи Пушкинро бо медали тилло хатм кард. Баъд ба Бишкек рафта, Донишкадаи давлатии тиббии Қирғизистонро бо дипломи аъло хатм намуд.
Ба гуфтаи ӯ, худи ҳамон сол аз курсии донишҷӯйӣ ба шоҳроҳи ҳаёти мустақилона – кору меҳнат қадам гузоштааст. Аввал ҳамчун лаборанти калони кафедраи бемориҳои дарунии Донишкадаи давлатии тибби Қирғизистон ва баъди ординаторӣ (солҳои 1967-1970) дар аспирантура хонда бо пажӯҳиш машғул шудааст. А. Раҳимҷонов аллакай дар 27-солагӣ рисолаи номзадиро ҳимоя карда, дар кафедраи бемориҳои дарунӣ ассистент шуда кор кардааст. Баъд ба навиштани рисолаи докторӣ машғул шуд.
– Дар 45-солагӣ дар Маркази умумииттифоқии илмии гематологии Маскав рисолаи докториамро дифоъ кардам. Аз соли 1989 унвони илмии профессорӣ низ ба ман дода шуд. Соли 1994 ба узвияти Академияи илмҳои Ню-Йорк, соли 2002 узви ҳақиқии Академияи илмҳои муҳити зисти Русия интихоб шудам. Баъд академики Академияи дифоъ, амният ва ҳифзи ҳуқуқи Русия, соли 2003 ба унвони профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сазовор гардидам. Соли 2010 академики Академияи илмҳои тибби Қирғизистон интихоб шудам, – мегӯяд бо ифтихор ҳамсуҳбати мо.
Раҳимҷонов бунёдгузори Маркази илмии гематологияи Вазорати тандурустӣ, Пизишки хидматнишондода, Ходими хидматнишондодаи илми Қирғизистон, аз соли 1989 то имрӯз узви Шӯрои илмии Академияи давлатии тибби ҷумҳурӣ ба номи И.Охунбоева, Президенти Ассотсиатсияи гематологҳои Қирғизистон, узви Раёсати Ассотсиатсияи гематологҳо ва трансфизиологҳои кишварҳои ИДМ мебошад.
Ӯ пажӯҳишгарони ҷавон, аспирантҳову магистрҳоро тарбия кардааст ва таҳти роҳбарии ӯ як идда докторҳо ва 12 номзади илм рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаанд. Устод муаллифи 310 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 24 монография ва 37 тавсияи таълимию методӣ мебошад. Ӯ ғайр аз забони модарии худ ба забонҳои қирғизӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва туркӣ хеле хуб суҳбат мекунад.
Барои хидматҳояш ба ордени «Шараф» – дараҷаи 1-и Тоҷикистон, орденҳои «Данк» ва «Даанакер»-и Қирғизистон, «Михаил Ломоносов»-и Русия ва як қатор нишонҳои юбилеӣ сазовор шудааст.
– Ман аз устоди равоншодам академик Мирсаид Мирраҳимов ҳамеша сипосгузорам. Маҳз он кас маро роҳнамоӣ кардаанд, ки гематолог шавам. «Ту инро метавонӣ, зеро ҷавони масъулиятшинос ҳастӣ, аз мушкилӣ намеҳаросӣ, ҳамеша дар талоши амалӣ намудани мақсад ба пеш гом мегузорӣ. Бубин, беморони зиёд дар кишвари мо ба зуҳури чунин пизишк ниёз доранд. Ин масъулияти туро боз бештар мекунад» гуфтани устодам ҳарфҳое буданд, ки аз қаъри дил баромадаву дар қалби ман маъво гирифтаанд, – мегӯяд академик Раҳимҷонов.
Вай беш аз 55 соли ҳаёти худро бо зани оқилаву порсо, ғамхору меҳрубон ва босадоқат – апаи Муқаддас гузаронидааст. Ҳарду соҳиби як писару як духтар шуданд ва онҳо аз пайи падар рафтаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Тошканд – Бишкек – Тошканд.