Бо сабру қаноат бошем...

Имрӯз даву този одамон дар талоши зиндагӣ нисбат ба гузашта хеле зиёд гардидааст. Хурду калон, ҳама ба қадри фаҳмишу ҷаҳонбинии худ барои ба даст овардани чизе ҳаракат доранд.

Вале ҳаракатҳои инсон на ҳамеша натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Аз ин рӯ кас барои он чизе, ки ба даст оварда натавонист, афсӯс мехӯрад, ғамгину асабонӣ мешавад. Ӯ намедонад, ки ҳар кор вақту соати худро дорад ва он ба шароиту имконият вобаста аст. Гузаштагон беҳуда «Вақту соаташ расад, дар рӯйи санг ҳам сабза месабзад» нагуфтаанд. Онҳо ба ин мақол амал карда, бо бозёфташон қаноат менамуданд. Дасту дили кушод доштанду ба якдигар хусумат не.

Офаридгор ба яке бисёр, ба дуюмӣ камтар ризқу рӯзӣ ато кардааст. Барои инсон сабру қаноат хазинаи адонашаванда аст, вай одамро ба мурод мерасонад. 

Дар деҳот бо қарори ҳукумат барои бо кор таъмин намудани ҷавонон замин тақсим карда мешавад, вале аз ин имконият на ҳама як хел истифода мебаранд. Касоне ёфт мешаванд, ки замини тайёрро ба наздикон дода, роҳи мусофиратро пеш мегиранд, баъзеашон ба беморӣ гирифтор мешаванд, бархе бинобар фалокате маъюбу бемори бистарӣ мегарданд.

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки калиди ҳамаи комёбиҳо, пеш аз ҳама, сабру қаноат аст.

Назирҷон Эргашев.

Вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: