Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Белгия анҷом ёфт.
Роҳбари давлатамон бо Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, инчунин Подшоҳи Белгия Филипп мулоқотҳои самарабахш анҷом дод.
Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дар маросими имзои Созишномаи таърихӣ дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд. Ин ҳуҷҷат барои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, заминаи ҳуқуқии нав ва фарогиреро фароҳам меорад.
Роҳбари давлатамон бо роҳбарони ширкат ва муассисаҳои молиявии пешсафи Аврупо низ мулоқот анҷом дода, дурнамои татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак дар самтҳои афзалиятнокро баррасӣ кард.
Дар давоми ташриф гуфта шуд, ки музокараҳои дуҷониба бо Иттиҳоди Аврупо дар мавриди узвияти Ӯзбекистон ба Созмони ҷаҳонии савдо ба анҷом расидаанд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои барнома, Президент Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Тошканд бозгашт.