Имрӯз дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Навоӣ эҳтимол меравад, ки шиддати шамол то ба 13–18 м/с афзуда, чангу ғубор ба вуҷуд ояд.
Дар ин бора «Ӯзгидромет» хабар додааст.
«Аз аҳолӣ ва меҳмонони ин минтақаҳо хоҳиш карда мешавад, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд. Фаъолиятҳои худро дар ҳавои кушод маҳдуд намуда, ҳангоми аз хона берун баромадан ниқоб пӯшанд», — гуфта мешавад дар хабари расмӣ.