Донишҷӯён дар ошпазӣ рақобат карданд

Дар факултети педагогикаи Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав тибқи нақшаи чорабиниҳое, ки аз ҷониби деканати факултет тасдиқ шудааст, “Ҷашнвораи оши палав” баргузор гардид.

Дар ҷашнвора, ки таҳти сарварии омӯзгорон А.Аҳмадов, А.Амирқулов ва А.Нормуродова гузаронида шуд, таҳсилгирандагони курси чоруми шӯъбаи ғоибонаи факултет иштирок карда, бо завқу маҳорати баланд навъҳои гуногуни оши палавро  омода намуданд.

– Хӯрокҳои миллии мардуми мо дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии халқамон таърихи куҳан дорад ва тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтааст, – иброз дошт декани факултет, номзади фанҳои фалсафа Раъно Саломова. – Хӯрокҳои мо бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталиф – хамирӣ, гӯштӣ, ширӣ, сабзавотӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Бояд гуфт, ки яке аз хӯрокҳои миллиамон оши палав соли 2016 дар ҷамъомади 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории фестивали мазкур муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ байни донишҷӯён, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон, тақвияти дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни таҳсилгирандагон мебошад.

Бояд гуфт, ки тӯли асрҳо миёни мардуми мо навъҳои гуногуни  оши палав маъмул аст. Ба мисли оши девзира, оши биҳигин, ситорапалав, палави баргитокӣ, палави софӣ, оши кенҷа, оши заъфаронӣ, қимапалав, оши дампухт, оши кӯҳнадам, оши як ба як, оши ҳафтравған,  иликпалав, халтапалав, сурхпалав, ки дар маҷмӯъ беш аз 200 намудро ташкил медиҳанд. 

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби ҳайати доварон, иборат аз профессор-устодони кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ,  намояндагони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар боргоҳи таълимӣ, бо назардошти таъм, тарзи ороиш, риоя ба қоидаҳои пухтупаз натиҷаҳои озмун муайян гардиданд.

Иштирокдорон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Аъзам АМИРҚУЛОВ,

омӯзгори Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: