Маърифатпарвари бузург Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ гуфтааст: «Агар мо ҳаёти худро дигаргун кардан хоҳем, бояд, пеш аз ҳама, эътироф кардани ҳуқуқи одамонро омӯзем».
Дарҳақиқат, дар кишваре, ки ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон таъмин карда мешавад, одамон озодона зиндагӣ ва кор мекунанд, даромад мегиранд, бешубҳа, ҳам давлат ва ҳам ҷамъият инкишоф хоҳад ёфт.
– Фароҳам овардани шароити зарурӣ барои меҳнати шоиста, рушди касбӣ, истироҳат ва барқарорсозии саломатии ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистони Нав аз муҳимтарин масъалаи рӯз ба ҳисоб меравад. Ба қарибӣ Президенти мамлакат дар вохӯрӣ бо фаъолон ва собиқадорони иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон суханҳои зерини самимиро иброз намуд: «Тӯли солҳои зиёд куллан аз байн бардоштани меҳнати бачагонаву иҷборӣ барои мо масъалаи бағоят дарднок буд. Ба шарофати иродаи муқтадир ва мавқеи қатъӣ мо ин мушкилотро бомуваффақият ҳаллу фасл кардем. Дар натиҷаҳое, ки мо ба даст овардаем, бешубҳа, саҳми сазовори иттифоқҳои касаба низ ҳаст, ки дар сафҳои худ анқариб ҳашт миллион аъзо доранд, созмони аз ҳама халқӣ ва бузургтарини ғайридавлатии кишвари мо ба шумор мераванд», – гуфт ҳангоми суҳбат раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратилла Рафиқов. – Дар Ӯзбекистони Нав барои фаъолияти озодона ва мустақили иттифоқҳои касаба тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва ин шароити зарурӣ барои меҳнати шоиста, рушди касбӣ, истироҳат ва барқарорсозии саломатии ҳар як инсон мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи Қ. Рафиқов, пешниҳодоти роҳбари давлат марбут ба ин соҳа саривақтӣ ва аҳамияти муҳим доранд. Президент таъкид намуд, ки дар давраи гузашта иттифоқҳои касаба дар соҳаи ҳифзи меҳнати занон таҷрибаи бузург андӯхтаанд. Аз ҷумла, тавассути «Дафтари занон» ба 4,5 миллион зани ниёзманд ва камбизоат кӯмак расонида шудааст. Ва таъсис додани низоми навро бар асоси принсипи «Иттифоқҳои касаба – барои ҳимояи манфиатҳои занон» -ро пешниҳод намуд.
– Зиёда аз 30 сиҳатгоҳ, беш аз 100 истироҳатгоҳи кӯдаконаи низоми иттифоқҳои касаба барои барқарор намудани саломатӣ ва истироҳати кормандону фарзандони онҳо хидмат мерасонанд, – гуфт дар идомаи суҳбат Қ. Рафиқов.
– Ташкилоти мо вазифадор аст, ки рисолати худро бобати ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба иҷро намуда, дар фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон, бидуни мансубияти он ба миллат, меҳнат, забон, касбу ҳунар ва ғайра ғамхорӣ намояд, – гуфт Қ. Рафиқов. – Ҳоло мо дар фаъолияти ҳаррӯза назорати ҷамъиятро ҷиҳати риояи ҳуқуқи меҳнат, дар корхонаву муассисаҳои давлатии ҷумҳурӣ дар чорчӯбаи қонун идома медиҳем. Зеро фаъолияти иттифоқи касаба дар Ӯзбекистон бар асоси Қонун «Дар бораи иттифоқҳои касаба», ки 6-уми декабри соли 2019 қабул шудааст, пеш бурда мешавад.
Қудратилло Рафиқов на танҳо роҳбар, балки ҳамчун инсони саховатпеша ва фидоӣ ба ходимони иттифоқҳои касабаи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ маслиҳатгӯ ва роҳнамо мебошад. Аз соли 2021 инҷониб раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон мебошад. Соли 2017 бо ордени «Фидокорона хизматлари учун», соли 2021 бо ордени «Эл-юрт ҳурмати» мукофотоида шудааст. Дар давоми фаъолияти худ ба рушди мавқеи иттифоқҳои касаба дар ҷамъият, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандони муассисаву ташкилот ва корхонаҳо, мустаҳкам намудани шарикии иҷтимоӣ, офаридани ҷойҳои корӣ ҳиссаи муносиб гузоштааст. Дар тӯли фаъолияти Қ. Рафиқов аз тарафи иттифоқҳои касаба риоя намудани қонунгузории меҳнат, ба вуҷуд овардани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани меҳнати мутахассисони малаканок, фароҳам овардани шароити солиму бехавфи меҳнат якчанд лоиҳаҳо амалӣ гардиданд. Ӯ ба масъалаҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, дастгирии аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёздошта, бо кор таъмин намудани ҷавонон низ диққати махсус медиҳад.
Иттифоқҳои касаба, чи тавре ки Президент таъкид кард, иштирок дар тағйиротҳои демократии васеъмиқёс, аз ҷумла ислоҳотҳо дар соҳаи таълими Ӯзбекистон, бунёд кардани пойдевори даври Ренессанси саввумро назди худ чун мақсади асосӣ гузоштааст.
Саломат Ҳайдарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи молияи шӯрои Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон дар вилояти Навоӣ.