Ҳанс имрӯз бо кайфияти болида аз хоб хест, зеро бояд бо падараш дидорбинӣ мекард. Падараш бо корҳои муҳим машғул буд.
Ӯ бисёр боақл, ҳама чизро донад ҳам як чизро: мунтазир кардани фарзандашро ҳамеша аз ёд мебарорад. Ӯ забони ҳамаро ба осонӣ меёбад, ҳамаро эҳтиром менамояд. Худ низ сазовори эҳтироми дигарон аст. Фақат ягона одаме, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шудан намехоҳад, модари Ҳанс мебошад.
Ҳанс аз хобгоҳ бо умеду боварӣ ба хонаи дигар равон шуд. Вақте дарро кушода модараш Моникаро дар хоби ширин дид, камтар ранҷид. Наход дар чунин рӯз ҳам бароҳат хобад. Оҳе кашиду бо овози паст гуфт: – Модарҷон, хезед, дер мемонем.
Моника ҳатто чашмонашро боз накард. Вале баъди такроран шунидани овози дардноки писараш чашмҳояшро кушод. Моника аз ҷойгаҳ хеста, бо оҳанги фармон ба писараш рӯ овард:
– Дасту рӯятро шӯй! Нонушта мекунем!
– Чӣ? Нонушта мекунем? Бо падарам вонамехӯрем? – гуфт Ҳанс норозиёна.
– Меравем. Нисфирӯзӣ вомехӯрем. Якҷоя хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрем.
– Ҳамагӣ ҳамин?
– Бале, – гуфт Моника ба хаёл фурӯ рафта. Баъд ба омодакунии нонушта пардохт.
Модару писар вақте нонушта мекарданд, Ҳанс мехост вақт тезтар гузарад. Моника бошад, дар фикри интихоби либос буд, ки Бенсро хуш ояд. Ҳамин вақт Ҳанс фикру хаёли модарашро бурида гуфт:
– Модарҷон, нигаред, тухми дар ликобча буда ба офтоби тобони осмон шабоҳат дорад.
– Бале, воқеан, шабоҳат дорад.
– Кош, ба Офтоб мубаддал мегашт, – гуфт Ҳанс оҳ кашида.
– Чаро? Ин барои ту чӣ лозим?
– Хонаамон гарм мешуд. Гарми гармтар. Яхҳоро об мекард, – гуфт ғарқи хаёл.
– Ту яхи яхдонро дар назар дорӣ? Ба ҷуз яхи яхдон дар дигар ҷо ях нест-ку? Ҳаво ҳам хунук нест. Ҳозир фасли тобистон. Ин гуна орзуҳо дар зимистон мезебад, – гуфт Моника лабханд зада.
– Ман яхи дилҳоро дар назар дорам, – гуфт писар ба овози паст.
– Дар дилам ях нест. Ин гапро аз куҷо пайдо кардӣ? – пурсид Моника абрӯвонашро чин карда.
– Падарам, падарам мегуфтанд, ки...
Моника дар тааҷҷуб монд: «Оре, Бенс ҳам чунин мегуфт, – аз дил гузаронид ӯ. – Танҳо дили ман не, дили Бенс ҳам ях бастааст. Ду сол шуд, ки бо ҳам зиндагӣ намекунем. Ӯ дигар хонадор ҳам нашуд. Имрӯз ба ӯ гапҳои хуб мезанам».
Баъди нонуштаи нисфирӯзӣ либосҳои хубтаринашонро пӯшида модару писар ба вохӯрӣ омодагӣ гирифтанд. Ва ниҳоят вақтеро, ки орзу мекарданд, расид.
Дар дасти Бенс як даста гули садбарг ва ҳадяи аҷоибе барои Ҳанс ҳам буд. Ӯ дар чашмони Моника бовариро дид. Аз чеҳраи хандонаш ба ҳайрат афтод. Дар як лаҳза дар дилаш ба завҷааш меҳру муҳаббат пайдо шуд. Ҳисҳои «мурда» аз нав «зинда» шуданд. Оташи муҳаббат яхи дилҳоро об кард.
Акнун Бенс, Моника ва Ҳанс фақат нонуштаи яклаҳзаинаро не, балки тамоми умрро ба ҳам медиданд. Ин хушбахтӣ маҳсули нияти неки Ҳанс буд. Ба ҳар ҳол Ҳанс ба ин боварӣ дошт...
Хуб аст, ки дар ликобчаҳо «офтоби кӯчак ҳаст»... Он солҳост, ки яхи дилҳоро об мекунад, ҷароҳатҳоро шифо мебахшад...
Бартолд БРЕХТ, адиби немис
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Раҳимшоҳи Шарифзода.