Сафири нави Сербия дар Ӯзбекистон таъин гардид.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷӣ Бахтиёр Саидов хабар дод.
Сафири навтаъини фавқулодда ва мухтор Момчило Бабич ба Бахтиёр Саидов эътимодномаҳои худро супурд.
"Мо омодагии мутақобилаи худро барои тақвияти минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳо изҳор доштем. Ба ҷаноби сафир дар кори масъулиятнок ҷиҳати амиқтар кардани муносибатҳои байни кишварҳои мо муваффақият орзумандем", - гуфт Бахтиёр Саидов.