Дар китобҳои таърихӣ оварда шудааст, ки қабри Бурҳониддини Марғинонӣ дар минтақаи Чокардиза ҷойгир аст.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки фақеҳи бузурги дини мубини ислом, муаллифи асари безаволи «Ҳидоя» — Бурҳониддини Марғинонӣ соли 1129 дар ноҳияи тоҷикнишини Риштони водии Фарғона ба дунё омада, бештари умри пурбаракати худро дар шаҳри тамаддунофари Шарқ — Самарқанд сипарӣ намудааст. Олимро соли 1197 дар қабристони машҳури Чокардиза ба хок супурдаанд.
– Дар китобҳои таърихӣ оварда шудааст, ки қабри Бурҳониддини Марғинонӣ дар минтақаи Чокардиза ҷойгир аст. Мутаассифона, дар тӯли асрҳо ба ин мавзеъ таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир карда намешуд, – гуфт директори Донишкадаи бостоншиносии Самарқанд Муъминхон Саидов. – Бо ташаббуси Сарвари давлат бобати муайян намудани макони аслии оромгоҳи аллома корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва кофтуковҳои бостоншиносӣ оғоз ёфтанд. Хушбахтона, қабри ин шахсияти бузурги Шарқ пайдо гардида, имрӯзҳо сохтмони мақбараи Бурҳониддини Марғинонӣ босуръат идома дорад.
Ба гуфтаи масъулон, иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ зери назорати доимии мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ва ҷонишини раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон Зайниддин Эшонқулов аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо дидан намуда, барои анҷоми босифати он тавсияҳо дод.
Ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти илмӣ ва динӣ, балки эҳёи мероси маънавию фарҳангии халқи мо мебошад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.